ҲУҚУҚИ ИНСОН МУҚАДДАС АСТ

Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 2 июл дар иҷлосияаш дар шаҳри Женеваи Швейтсария гузориши расмии ҳукумати Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишварро баррасӣ намуд. Ин дуюмин баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баъд аз иҷлосияи Кумитаи ҳуқуқи инсон дар моҳи июли соли 2013 аст. Ҳайъати Тоҷикистон ба раҳбарии додситони кулл Юсуф Раҳмон ба Созмони Милал дар бораи иқдомҳое, ки дар ин 6 сол ҷиҳати беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст, ҳисобот медиҳад. Намояндагони Душанбе, ки 7 нафаранд, ҳамчунин ба суолҳои аъзои Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал ҷавоб  доданд

Ба шарофати сулҳу субот дар кишвар маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ такмил меёбад. Баробари ғуломи қонунҳои мавҷудаи кишвар будан, шаҳрвандон ҳуқуқҳои конситутсионии худро дифоъ ва талаб менамоянд. Дар чаҳорчубаи қонунҳо иҷро шудани тадбирҳои ҳуқуқӣ бешубҳа ба ташаккули фарҳанги сиёсӣ оварда мерасонад.

Муқаддас будани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон риоя мешавад.

Осими Оқил, устоди ДКМТ