ТЭТ ҲНИ – ҲИЗБИ ХИЁНАТКОР

Дар дунё аз хиёнат дида гуноҳи сахтаре нест . Ҳатто аз нигоҳи дини мубини ислом низ хиёнат ба ватан, ба халқ, ба миллат гуноҳи нобахшиданист. Мутаассифона, ҲНИ яке аз ҳизбҳои террористии ҷаҳон дар баробари ташкилоти ифротгаро буданаш боз ташкилоти хиёнаткор низ мебошад.

          Бубахшед, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сари мардуми тоҷик чӣ қадар оқибатҳои фоҷиабор овард?  ҲНИ он солҳо ба халқу миллати тоҷик хиёнат намуда, супоришҳои хоҷагони худро иҷро менамуд.

          Ташаббускор ва меъмори ин ҷанги бародаркуш низ дар кишвар гардид. Чӣ қадар фарзандони фарзонаи миллат, зиёиёни тоҷик ба монанди Муҳаммад Осимӣ, Муҳиддин Олимпур, Муродилло Шеракизода шоир Махсум Олимӣ ва дигарон маҳз бо дастури ҳизби мазкур ваҳшиёна кӯшта шуданд. Магар, ҳамаи ин хиёнат ба ватан ва халқу миллат нест? Имрӯз бошад ин ҳизби мамнуъшудаи террористӣ ва хиёнаткор дар хориҷи кишвар бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ фаъолияти хиёнаткоронаи худро алайҳи миллати тоҷик давом дода истодааст. Барои руйпӯш намудани амалҳои террористӣ ва хиёнаткоронаи худ барои давом додани фаъолияти ифротгаронааш номи “Паймони миллӣ” – ро интихоб намудааст.

          Ин чи хел паймон аст, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш медонанад. Ба андешаи мо ин боз ҳамон аҳду паймони хиёнаткорӣ мебошад, боз ҳамон ифротгароию иғвогарӣ аст, зеро чуноне, ки  дар урфият мегӯянд: “Тарки одат амри маҳол аст”. Зеро ки хиёнаткорӣ, сафсатафурушӣ, иғвогарӣ дар вуҷуди ин ашхоси фиребгар маскан гирифтааст. Аз ин хотир, аъзоёни ҲНИ бо дигар кардани ном симои ҳақиқии худро дигар карда наметавонанд. Хусусан, ҳамоишҳо ва машваратҳое, ки онҳо ташкил намуданд нишон дод, ки ҲНИ аз мақсадҳои нопоки худ даст накашидааст.

          Бинобар ин, ба роҳбари ин ҳизби хиёнаткор муроҷиат карда гуфтанием, ки беҳуда бо суханҳои пучу бардурӯғ ва нишастҳои бемаънӣ худро овора насозанд. Зеро ки симои ҳақиқии онҳо ошкор шудааст. Дигар мардум ба суханбозиҳо, ваъдаҳои бардуруғи онҳо бовар надоранд. Миллати куҳанбунёди мо меваҳои шаҳбори Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро чашида аст ва дилпурона ба сӯи ояндаи босаодат  қадам мегузорад.

 

                Омӯзгори кафедраи МО ва И                                           Туев Ш.Ш.