ИЗҲОРОТИ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА: МО ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ ҲАСТЕМ!

Мо аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ таҷрибаи талхӣ ҷанги шаҳрвандиро дидем, ки бевосита бо дасисабозиҳои гурӯҳҳои қудратхоҳ ва бо дасти шабакаҳои террористӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ амалӣ шуд. Мо рӯзҳои сангини ҷангро фаромӯш накардаем ва барои ҳамин ҳам ҳамеша бар зидди экстремизм ва терроризм чӣ дар шакли дохилӣ ва чӣ дар шаклӣ байналмилалӣ мубориза мебарем.

Ҷомеаи Тоҷикистон бар зидди нерӯҳои тундрав ва ифротӣ мебошад. Мо ҷонибдори сулҳ ва оромӣ ҳастем ва ҳаргиз ба душманони миллату ватан имконият намедиҳем, ки ба суботи кишвар халал расонанд.

Тибқи омори ба даст омада, имрӯз  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин  созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», ТЭТ “Ҳизби наҳзати исломӣ” «Толибон», “ДИИШ” «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24» ва дигар созмонҳои мазҳзабиву ҷудоиандоз манъ карда шудааст.  

Аз рӯи таҳлилҳо чунин хулоса намудан мумкин аст, ки бештар ба ин гуна созмонҳо ҷавонон гаравида мешаванд ва сабаби зуд гаравидани онҳо ҳам ин надонистани донишҳои зарурӣ ва надоштани ҳимояи психологӣ аз ҷараёнҳои радикалӣ-динӣ мебошад. Ба ҳамин далел, бештар ҷавонон ҳадафи ин тоифа мегарданд ва қурбон мешаванд.

Мо сокинони кишвари Истиқлолу ободӣ ҳаргиз намегузорем, ки дубора хиёнаткорон ва хоинон ба Ватани азизи мо қадам гузоранд ва мо бар зидди терроризм ва дигар ҷараёнҳои динии номатлуб мубориза мебарем. Нест бод терроризм ва ҷараёнҳои ифротӣ!