ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСТ АСТ

Инсон аз азал макон дорад ва ин маконро ном аст, ки дар он зода шудааст ва ё ба воя расидааст ва ё аз хоку оби он баҳра бурдааст ва дар ҳавои он нафас кашидааст, ки онро мегӯянд Ватан!

Оре, Ватан ва боз ҳам Ватан!

Ватан ҳамон маконест, ки ба ҳар зарра обу хокаш инсон хӯ гирифтааст ва аз ҳар чашмаву обшораш об нӯшидааст ва аз ҳавои мусаффояш нафас кашидаву ба воя расидааст, ки ҳаргиз намешавад онро ба чизи дигар иваз кард. Зеро ин Ватан аст, ки ҳама чиз, ин ҳама неъматҳои табиат ба мо аз он арзонӣ ба даст расидааст ва ҳар гунае, ки хоҳем метавонем аз он истифода намоем.

Аммо ин сарзаминро, ки дар он зода шудаем намешавад ба як ду чиз иваз кард ва намешавад ба чанд макони дигар тасаввур кард. Зеро ин Ватани маҳбуб аст, ки дар он мо озодона мегардему меболем ва аз ҳавои тозаву беғубораш, аз манзарҳои дилфиребаш, аз фазои орому осудааш баҳраманд мешавем ва бо сари баланд ва умеди нек ҳар субҳ сар аз болин мебардорем, ки ин лаҳзаро дар ягон кишвари дунё тасаввур кардан нашояд.

Зеро шоире фармудааст, ки “бигзор гадо бошаму дар хоки Ватан бимирам”, ки ин мисраъ ҳазорон лаҳзаи ҳаётро тасвир мекунад ва ҳазорон маъноро дар худ ниҳон доштааст. Зеро дар хориҷ аз Ватан мо ҳеҷ ором нестем ва ҳаргиз рӯҳамон осуда нест. Зеро бо ин обу хок ва ин гилу табиат бадани мо шукуфтааст ва камолат ёфтааст, ки дар ҳеҷ куҷое аз ин обу хокро нашояд ёфтан. Чун ин ҳама дар рагҳои хунгарди мост ва ин лаҳзаро танҳо инсон меҳанпараст дарк мекунаду халос.

Ҳеҷ як муҳоҷир ва ҳеҷ як ҳамватани муҳоҷирамро надидаам. Ки бо доштани маблағҳои зиёду ҳаёти ширин ёди Ин сарзамини муқаддас- Тоҷикистони азиз накунад, зеро ин замини муқаддас ба худ муҳаббати хос дорад ва аз беҳтаринҳо дар рӯйи замин аст, ки замоне меҳмонон аз тамошои манзараву табиати зебояш ба ваҷд омада, онро биҳишти рӯйи замин номиданд ва воқеан ҳам Тоҷикистон имрӯз биҳишт дар кафи сайёра аст.

Аммо ин ватанро бояд ҷавонони садоқатманду фаъол ва меҳанпарасту содиқ ба ин сарзамин ҳифз намоянд ва нагузоранд, ки чашме баде аз он сӯйи марз ба ин диёр афтад. Ҳифзи сарҳад ва номуси сокинонро бояд ҷавонон ҳифз кунанд ва албатта бо ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллии кишвар, ки ин орзӯи ҳар як ҷавонмард низ ҳаст!

Зеро аз мактаби мардонагӣ гузаштан ва хидмат намудан ба ин сарзамини муқаддас ин вазифаи шаҳрвандии мост ва бояд ҷавононро инро дакр намоянд ва мисли ҷавонони ВМКБ ва Чоркӯҳу Ворух аз аввалинҳо шуда, ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи кишвар ташриф бубаранд.

Дӯстдории ватанро мо на бо забон бояд дар амал татбиқ намоем ва нишон диҳем, ки мо аз шермардони Артиши кишвар ҳастем ва барои ҳифзи он ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа ва ҳар сония омодаем ва намегузорем, ки нохалафе бо чашми бад бар сӯйи Ватани мо бингарад.

Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳифзи марзу бум ва сарзамини аҷдодӣ ин вазифаи муқаддас ва пуршараф барои ҳар як ҷавонмард аст!

Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки ин иқдомро дастгирӣ намуда, барои хизмат ба халқу Ватан ва ҳифзи диёри худ ҷонфидоӣ намоянд.

М.Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ