САРАЗМИ БОСТОНӢ ҲАМЧУН МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ МАДАНИЯТИ ҲУНАРМАНДӢ ВА ШАҲРСОЗИИ ТОҶИК

Панҷакент сарзамини бузургон мебошад. Водии хушманзараи Зарафшон гаҳвораи тамаддуни тоҷиконро дар бар мегирад. Маҳз ҳамин диёр шоирони бузургро ба монанди Рӯдакӣ, Лоиқ, Туғрал, Озарахш ва дигар алломаҳоро парваридааст. Имрӯз ҳар як сокинони шаҳри Паҷанакент бо фахри ғурури зиёд номи ин шаҳрро ба забон гиранд меарзад. Зеро на танҳо шоирони бузург балки таърихи хеле бойю ғанӣ дорад. Шаҳраки Саразм овозаи ин диёр на танҳо дар Тоҷикистон балки берун аз кишвар мавқеи хоса дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалї Раҳмон таърихи куҳан ва аҳамияти Саразмро ҳамчун гаҳвораи тамаддуни халқи тоҷик чунин арзёбӣ намудаанд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад».
Шаҳркадаи Саразм – яке аз ёдгориҳои қадим тарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Дар болооби зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳоро тамошо мекунад. Ашӯралӣ Тайлонов пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфтшуда, изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин асбобро ёфтааст ва агар лозим бошад онро ба осорхона туҳфа намояд. Сипас, бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов барои овардани табарча ба хонаи он мард меравад ва ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён – Саразмро кашф мекунад». Саразми бостон ба солҳои 3400 — 2000 п.м. мансуб аст.
Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз шаҳри Панҷакент ва 45 км дуртар аз ш.Самарқанд ҷойгир аст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвинский Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад. Бозёфти беназир будааст. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахуст кашфи Саразм Абдулло Исҳоқи ба солҳои 70-ум асри ХХ рост меояд. Бо амри тасодуф пиронсоле як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм Рӯшан мешавад. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд. Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дар бар мегирад. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Дар Саразм олимони машҳур – профессорони Донишгоҳи Гарвард, бостоншиносон Ланберг Карловский ва Филим Кол, санъатшиноси маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, омӯзгори Университети Сорбонна Вероник Шилс, доктори илмҳои таърих аз Ленинград (ҳоло Санкт – Петербург) Ю. А. Заднепровский, Ю. Ф. Буряков – доктори илмҳои таърих, муовини директори Институти археологии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пол Бернар – доктори илм¬ҳои таърих, мудири гурӯҳи археологияи Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, А. Асқаров – аъзо – корреспонденти Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Б. А. Литвинский — академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. М. Мунчаев — муовини директори Институти археологияи Академияи улуми ИҶШС, Б. И. Маршак – мудири сектори Эрмитажи давлатии Санкт – Петербург, доктори илмҳои таърих, Р. М. Масов – доктори илмҳои таърих, академик, Ҷон Клод Горден -бостоншиноси машҳури Франсия пажӯҳиш гузаронидаанд. Пажӯҳишҳои муштараки намояндагони бостоншиносии Русия, Фаронса, Амрико, Италия ва бостоншиносони Тоҷикистон дар тадқиқи мероси қадимтарини ҳалқи тоҷик ҳиссаи бузург мегузоранд.
Аз бозёфтҳои Саразм лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқӣ Осиёи Маркази паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд.
Саразм чор давраи чандҳазорсоларо гузаронидааст. Аз руйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат аст, ки фосила байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист. Таҷрибаи чандинсолаи гирдоварда дар сохтани нахустшаҳри гетӣ мусоидат кардааст. Ба ростӣ, хонаҳои ҳозираи тоҷикҳо ба хонасозии ҳамон давра хеле ва хеле монанд аст, вижа ба кӯҳистони мо ва танҳо аз назари эътиқоди андак фарқ мекунад. Раставу дӯконҳои ҳунармандӣ дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд. Оташдонҳо барои маъдангудозӣ ҳам ёфт шудааст. Биноҳои маъмурӣ бошанд аз якчанд толорҳои барҳавову даҳлезҳои баробарсамт иборат буда, бештари онҳо дар болои таҳкурсиҳои аз хишти хом сохташуда, дорои ду-се дари даромад ва якчанд тирезаҳои барҳавоянд. Маълум аст, ки меъморони бостонӣ сохти биноро пешакӣ матраҳ мекардаанд. Ҳокимони маҳалӣ аз ҳамин ҷо халқро идора мекарданд ва ҳатто қарору қоида ҳам ҳабул мешуддааст, ки бо ин муҳр тақвият меёфтанд. Ҳокими мутлақ доштани Саразми бостонӣ аз эҳтимол дур нест. Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм мегузоранд. Ҳанӯз аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар биноҳои маъмулии саразмиён бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои дини Зардуштӣ мегардад. Алъон якчанд маъбад дар Саразм бармало шудааст, ки аз эътиқоду эътимоди мардум дарак медиҳад. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа сохта шуда, дар байни он ум ки начандон ҷуқуре барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст. Аз боқимондаи устухонҳо дар дохили баъзе иморатҳо маълум мешавад, ки қурбон кардани мол аз ҳамон вақт ба ҳукми одат даромадааст. Дар рӯзгори пешина гови муқаддаси турро қурбон мекардаанд.
Тавассути Саразм, ба гуфтаи бостоншиносон, Роҳи Бузург Лоҷувард мегузашт. Ин роҳ асоси яке аз роҳҳои машҳури Роҳи бузурги абрешимро аз Аврупо ба шаҳрҳои қадимаи Чин ва Ҳиндустон ташкил дод. Воқеан мардуми Саразм истеъмоли чорвои 1-1,5 соларо меписандидаанд, чаро ки бештари устухонҳои боқимонда шаҳодат медиҳанд. Кишоварзӣ ба сони дигар соҳаҳо дар Саразм то замони заволи он рушд кардааст. Сойи аз болои шаҳр ҷоришуда ба ин мусоидат мекард. Саразмиҳо рустанихоеро парвариш мекарданд, ки дар байни инхо ҷав ва гандум мавқеъи вижаро ишғол менамуданд. Намудҳои олоти деҳқонии Саразм бой нест. Каланди чӯбин, досҳои ҳархела ва шудгори ҷуфтӣ аз эҳтимол дур нест. Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, оқибат қариб, ки ба 10000 мерасад. Бостоншиноси тоҷик Абдурауф Раззоқов қайд кард, ки ин роҳ баъдтар яке аз роҳҳои машҳури Роҳи абрешим аз Аврупо ба шаҳрҳои қадимаи Чин ва Ҳиндустон гардидааст.
Бостоншиносон чунин мешуморанд, ки сабаби хуруҷи мардум аз Саразм хушксолӣ буд. Дар охири ҳазораи 3-уми пеш аз милод офатҳои экологӣ ба баъзе қисматҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасониданд. Зиндагӣ дар Саразм тақрибан се ҳазор сол пеш хотима ёфта буд. Таърихшиносон тасдиқ мекунанд, ки ин вобаста ба тағирёбии шароити табиӣ рӯй дода буд. Одамон дар мубориза бо оқибатҳои хушксолӣ малакаи кофӣ надоштанд ва ба кӯҳдоманаҳои назди дарёи Заравшон кӯчиданд. Ҳамин тавр, шаҳри Панҷакенти қадим эҳё шуд ва баъдтар шаҳрҳои дигари Суғдиёни қадим пайдо шуданд. Дар ин замина Саразм ба таназзул афтод.
Соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5500 – солагии Саразми бостонӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид, ки он ба давраи комилан нави таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир такони ҷиддӣ бахшид. Ба ифтихори ҷашни 5500 –солагии Саразм дар ин мавзеи бостонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рамзи Саразм, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, инчунин Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм бо тарҳ ва арзишҳои меъмории миллӣ бунёд гардид. Дар Осорхонаи Саразм намунаҳои арзишманди нигораҳои таърихӣ ва бозёфтҳое, ки аз шаҳри қадимаи Саразм зимни гузаронидани ҳафриёт ёфта шудаанд,ба маъраз гузошта шудаанд.Дар даромадгоҳи шаҳри бостонии Саразм ба ифтихори ҷашни 5500 -солагии ин шаҳри қадима дарвоза бо хусусиятҳои хоси меъмории миллӣ бунёд гардида, роҳравҳои он сангфарш шудаанд. Дарвозаи Саразм гӯшаи таърихи зиндаи миллати тоҷик буда, бо сангҳои қиматбаҳои ороишӣ нақшбандӣ шуда, дар он рамзҳо ва акси асбобу ашёҳои аз Саразми бостонӣ дарёфтгардида, таҷассум ёфтаанд. Инчунин хонаҳои саразмиёни қадим бунёд гардидааст, ки дар онҳо фарҳангу суннат ва расму оинҳои хос ба шаҳрнишинони Саразми бостонӣ таҷассум ёфтааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 (таҳти № 391) Саразм ҳамчун Маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ ва эҷодиёти тоҷик мамнӯъгоҳи таърихӣ ва бостоншиносии Саразм эълон карда шуд. Бо кӯшиши бостоншиносон – А. Исҳоқов, А. Раззоқов, Р. Масов, Р. Безенвал, А.- П. Франкфорт ва диг., дар давоми солҳои 2000-ум барои пешниҳоди номинтсияи пешбарӣ кардани ёдгории Саразм ба рӯйхати объектҳои аҳамияти фарҳанги ҷаҳонӣ дошта, дар созмони ЮНЕСКО саҳм гузоштанд. Дар натиҷа, 31 июли соли 2010 Саразм ҳамчун «маркази ташаккули фарҳанги қадимаи кишоварзии мардуми тоҷик» ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор