ҲАР АМАЛЕ ПОДОШ ДОРАД

Чи хеле ки мо тавассути расонаҳои хабарӣ маълумот гирифтем, Вайсиддин Одинаев озодии фаврии Далер Шарифовро хоҳон мебошад. Ҳамчунин, ҳашт ташкилотҳо ва даҳҳо рӯзноманигорон ҷонибдорӣ Далер Шарифов буда, ҳамагон бо як овоз мехоҳанд, ки ӯ аз ҳабси пешакӣ озод карда шавад.

Албатта инсондӯстӣ, тарафгирии бародари ҳамхуни худ ин боиси таҳсин аст, аммо на дар ин ҳолат.

Байни мардум паҳн намудани фикру ақидаҳои таҳлукаангез, барангехтани нафрат нисбати давлату миллат ин албатта рафторест, ки аҳли ҷамъият маҳкум мекард ва хоҳад кард.

Вайрон намудани ақидаи ҷавонон ва ба роҳи гумроҳӣ бурдани онҳо ин магар амали бадхоҳона нисбати мардуми тоҷик нест. Мо намехоҳем, ки кадом як ҷавони хубу бадро фарқ карда наметавонистагӣ сулҳу субот, осмони софи Тоҷикистонро бо ақидаҳои ифраторӣ худ поймол кунад.

          Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба кувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд. Зеро қабули Қонуни Чумхурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷӯхи хосаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст.

Дар чунин ҷамъияте, ки давлат ҳамеша манфиати ҷавононро боло мегузорад, мутаассифона ин ҷавони 32-сола чунин рафторро пеша намуд. Албатта мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳаматарафа месанҷанд ва баъд хулосабарорӣ мекунанд. Мо ба онҳо боварӣ дорем. Агар Далер Шарифов бегуноҳ мебуд, ҳатман ӯро раҳо мекарданд.

Танҳо Яздони пок медонад, ки мисли мавсуф иғвоангезон байни мардуми оддӣ чандҳо нафар мебошанд, ки ҳоло онҳоро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ фош накардааст.

Мо бояд шукри сулҳу субот, тинҷию амонӣ кунем ва нагузорем, ки моро ягон нафари давлатбезор аз роҳи рост баргардонад. Ба онҳое, ки чунин давлату давлатдорӣ писанд набошад раванд ба дигар давлатҳо, ҳеҷ кас дасти онҳоро дошта наистодааст.

Дили чунин ашхос на ба мардум месӯзаду онҳо чунин гапҳоро мезананд, балки онҳо ба манфиати ягон ташкилоту ягон кас ё ба хоҷагони хориҷии худ кор мекунанд.

Чаро фақат барои ғарази худ чунин ашхос номи дини поки Исломро истифода мебаранд. Бас кунед ин амалро, аз ғазаби Парвардигор тарсед эй мардум. Дигар номи поки Исломро олуда накунед ба ҳар гуна гуруҳҳои бар манфиати хеш равонакардаи худ.

Ин боз далели он аст, коста шудани маърифату худогохди ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогохӣ ва сатхн пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани маӣли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст,

      Бояд мо беш аз ҳарвақта дида дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул диҳем.

Валиева М.

омӯзгори ДКМТ