Ҳамкориҳо китобхонаи илмӣ- электронӣ вусъат меёбад

Китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар бахши китобхонаи электронӣ  бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он мулоқоту гуфтушунидҳоро ташкил намудаистодааст.
Аз ҷумла, чанде қабл масъули китобхонаи электронии донишкада Неъмат Салимзода бо директори Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Самадова Дилбар вохӯрӣ намуда,  оид ба рушди ҳамкориҳо ва табодули таҷрибаву маводҳои электронӣ машварат намуд.
Қайд карда шуд, ки имрӯз таваҷҷуҳи донишҷӯён ба китобхона ва китобҳои электронӣ бештар шудааст. Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки мо бояд фонди китобҳои электронии худро васеъ намомем, то ҳар толибилм битавонад аз онҳо ба таври васеъ истифода намояд. Барои ҳамин, директори Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо боварӣ изҳор намуд, ки онҳо низ омодаи ҳамкорӣ дар ҳама бахши китобхона ҳастанд.
Бояд гуфт, ки дар китобхонаи электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имрӯз теъдоди зиёди китобҳои электронӣ мавҷуд буда, фонди он пайваста зиёд карда шудаистодааст.