Ширкати аъзои раёсати донишкада дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи онлайн

Дирӯз, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии вазири маориф муҳтарам Саидзода Раҳим баргузор гардид, ки дар он аъзоёни раёсати донишкада дар шахсияти муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, деканҳо ва муовинони деканҳо оид ба илм ба тариқи онлайн ширкат намуданд.

Дар ҷаласаи назоратӣ ҳисоботи сардори раёсати илм ва инноватсия С. Ниёзӣ дар бораи “Вазъи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд” шунида шуд.
Раиси ҷаласа масъалаҳои сатҳу сифати таълиму тарбия, раванди қабули довталабон, зиёд кардани устодони дараҷаву унвони илмидошта, беҳтар кардани фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳо, дастгирии омӯзгорон дар ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир, кушодани шуроҳои диссертатсионӣ, тарбияи олимони ҷавони самти илмҳои дақиқ ва техникӣ, ҳавасмандкунонии олимони ҷавон, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, ҷалби омӯзгорони унвони илмидошта ба донишкадаву донишгоҳҳо, омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи геология, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии хориҷӣ, таҳияи стандарти давлатӣ дар зинаи магистратура, аспирантура, доктор Phd ва гузаштан аз аккредатсияи байналмилалиро баррасӣ намуда, ба масъулин вобаста ба масъалаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, ҳисоботи муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ С. Исвализода оид ба вазъи иҷрои “Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Вазири маориф ва илм оид ба таҷҳизонидани кабинетҳои методии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, иштироки омӯзгорону донишҷуёни донишкадаву донишгоҳҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, махсусан озмунҳои ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки бевосита таҳти сарпарастии Пешвои миллат баргузор мешаванд, изҳори назар намуд.
Дар охир, раиси ҷаласа бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм супоришҳои қатъӣ дод.