Фаъолияти семоҳаи донишкада ҷамъбаст карда шуд

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳа ба таври ошкоро бо ширкати омӯзгорону кормандон баргузор гардид.
Ҷаласаро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, нахуст тамоми кормандонро бо Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, сипас аз иқдомоти ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ҷиҳати ёрмандӣ намудан ба бошандагони интернати шаҳри Конибодом миннатдорӣ баён намуд.

Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ёдовар шуда, дар ин замина дастгирии ятимону бепарасторонро амали хайру муҳим ҳисобид. Таъкид карда шуд, ки ҳар як роҳбари корхонаву муассиса ва ҳар як шаҳрванди дорои имконият бояд дар пайравӣ аз ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгиру ғамхорӣ ҷомеа бошад.
Сипас сухан ба муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дода шуд, ки роҷеъ ба самти таълим, имкониятҳои донишкада, ҷараёни таҷрибаомӯзӣ, интиқолу барқарори донишҷӯён, ҷалби омӯзгорони унвондор ба муассиса, баланд бардоштани сифати таҳсилот, натиҷаҳои сессияи имтиҳонӣ ва гузаронидани дарсҳои кушод гузориш дод. Таъкид карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 123 дарси кушод бо ширкати омӯзгорони варзида гузаронида шуд.

Сипас, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо баромад намуда, роҷеъ ба самти илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии донишкада дар давраи семоҳа гузориш дод. Таъкид карда шуд, ки дар семоҳаи аввал 62 мақолаи илмӣ дар муассисаҳои байналмиллалӣ чоп ва 25 конференсия гузаронида шуд.

Ҳамчунин, муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон роҷеъ ба самти тарбия дар давраи семоҳаи фаъолияти самт гузориш дод.

Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳайати профессорию омӯзгории донишкада изҳори миннатдорӣ баён намуда, сипас ба чанд масъала ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.
Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба донишкада, муаррифии ихтисосҳо ва дигар масоили муҳиму ҳалталаб изҳори назар намуда, дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз мақому манзалати омӯзгор ва ғамхории  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки воқеан ҳам омӯзгор мафкурасозӣ ҷомеа мебошад.