Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотии донишкада бо корхонаҳои саноатӣ густариш меёбанд

Мудири озмоишгоҳи кафедраи металлургия Раҳимов Ҳ.Ш. бо ҳайати роҳбарикунандаи корхонаи ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот ёрдамчии директори корхонаи мазкур Раҳимов Фарҳод изҳор дошт, ки мо ҳамаҷиҳата баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳавасманд ҳастем.

Аз ҷониби дигар Раҳимов Ҳ.Ш. ҷиҳати омӯзиши масоили мушкилзо ва проблемаҳои мавҷуда аз тарафи ҳамкор талаб намуд, муаммову камбудиҳои ҷойдоштаи хешро бо мо бигӯед, то мо тавонем дар нақшаи  панҷсолаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишкада ворид намуда, ҷиҳати тадбиқи илм дар истеҳсолот мусоидат намоем. Мо метавонем, мушкилоти мавҷударо омӯхта натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии хешро ба шумо ирсол намоем.

Аз ҷониби намояндаи корхона ин пешниҳод пазируфта шуд ва Раҳимов Ҳ.Ш. бо дидан намудан аз дигар озмоишгоҳ ва имкониятҳои корхона сафари хешро ба итмом расонид ва аз дидору гуфтушиниди намояндаи кафедра дар ин корхона дертар гузориши муфассал хоҳем навишт.

Шуъбаи иттилоот