Ҳамкории геологҳои донишкада вусъат меёбад

Имрӯз дар кафедраи геология ва корҳои нафту газ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо бахши истеҳсолӣ ва ҳамчунин дигар донишкадаҳои ҳамсамт вохӯрии аъзоёни кафедраи мазкур бо сардори шуъбаи инноватсия, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва нашрияҳои даврии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Шаропова Насибахон Ҳафизовна доир гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Олимов Абдумалик хабар доданд.

Тавре, ки аз мӯҳтавои суҳбат бармеояд, натиҷаи фаъолият ва пешбарии корҳои илмӣ- таҳқиқотии омӯзгорони кафедраи геология ва корҳои нафту газ ҳамкасбонро  низ бетараф нагузоштааст ва ин аст, ки барои ҳамкорӣ ба донишкада ташриф овардаанду нисбати омӯзгорони мо таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

М. Сайидзода