М. САДРИДДИНИ ХОИН Ё БЕШАРАФЕ ҲАМТАВАЛЛУДИ ИҒВО

Имрӯзҳо душманони миллати тоҷик ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷияшон  ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ва рафтори ношоиста даст мезананд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд. Яке аз чунин гурӯҳҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад, ки ба хотири фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ намудани мардум дар шабакаи ҷаҳонии интернет чандин сомонаи ифротиро таъсис додаанд, то мақсадҳои нопокашонро амалӣ гардонанд.

Яке аз чунин душманони миллат, хоинони бадкеш ва маккору ҳиллагар Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа, сомонаеро бо номи ислоҳ.нет таҳия кардааст, ки пайваста матлабҳои иғвобарангез ва саропо аз бӯҳтону таҳқирро дор он нашр менамояд. Ҳамчунин дар ин сомона наворҳо омода намуда, ҳар касеро хоҳад таҳқир мекунад ва ҳарчӣ дилаш хоҳад аз номи ин ё он сокинони навоҳии кишвар пахш месозад, то ҷавононро гумроҳ созад, ки ин амали зишт ва ноҷавонмардона мебошад.

Аммо, М. Садриддин, ки худ аллакай аз макруҳоти олами лутҳо истифода кардаасту ҳамчун луттӣ шуҳрат дорад, дигар бароям виҷдон ва шараф нақше ҳам намебозад. Зеро он чӣ М. Саргини хиёнаткор  менависаду нашр мекунад, ба ҷуз дурӯғ ва ҳарза чизе нест, лек вай кӯшиш мекунад, то бо ҳамин роҳ дасисабозӣ кунад, иғвобарангезӣ намояду мардумро аз роҳ занад.

М. Садриддин новобаста аз он, ки виҷдону шараф надорад ва қаллобу маккор аст, ба гуноҳҳояш чашм пӯшида худро, донандаи шариату дин мегирад, ки куллан амали нодурусту шайтонист ва инро ҳам метавон як навъ макри наҳзатиён донист. Макру ҳилла ва дурӯғу туҳмат имрӯз аслиҳаи асосии аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва М. Саргин мебошад, ки барои гумроҳ намудани ҷомеа равона карда шудааст ва ҳамон гуна, ки хуб медонем, мақсаду мароми М. Садриддини хоин  ва дигар аъзоёни фирории ТТЭ ҲНИ ин хиёнат бар миллату давлат ва аз байн бурдани субботи кишвари мо мебошад.

Имрӯз хушбахтона кишвари мо хеле пеш рафтаасту ҷомеа рушд намудааст ва мо бо чашми худ пешрафту тараққиётро дар ҳама соҳаҳо мушоҳида менамоем, ки ин рушди бемайлони кишвари мо ба наҳзатиёни хоин ва дигар душманони миллат хуш намеояд ва ҳамин аст, ки онон мехоҳанд ҷомеаро аз роҳ зананд, ки ин хиёнати рӯирост мебошад. Бовар дорем, ки насли ҷавон ҳаргиз фирефтаи иғвову дасисаҳои М. Садриддини террорист ва хоин намегардаду ба ҳарзаҳои ӯ таваҷҷуҳ намекунад, чунки ҳар як навиштаи М. Саргини бешараф ба хотири гумроҳсозии насли ҷавон ва мардум равона карда шудаасту барои ин кор вай аз хоҷагони хориҷияш маблағ мегирад.

Иғвогарӣ ва дасисабозӣ аслиҳаи асосии М. Садриддини хоин мебошад, ки метавон ӯро ҳамтаваллуди иғво ҳам номид, зеро ба ҷуз аз иғвоагариву дасисабозӣ дигар амале аз дасташ намеояд ва мақсаду мароми неке ҳам надорад, ки ин нишонаи хоинон ва бешарафон аст.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ