Ҳайати омӯзгорони донишкада ба ҳайси довар дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”

Раёсати илми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои ба ҳайси доварон ширкат намудани омӯзгорони донишкада ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар сатҳи вилояти Суғд омӯзгорони зеринро ба МИҲД-и вилоят ирсол намудааст, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот Насриддинов З.З. хабар доданд:

 – оид ба математика – Норбоева Г., аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илм надорем;

– оид ба физика ва астрономия – Қозиев К.С., номзади илмҳои физика ва математика, Ҳоҷиев С., номзади илмҳои техникӣ;

– оид ба химия – Сулейманова Н.А., номзади илмҳои техникӣ, Ғаффоров С., Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илм нест;

– оид ба биология – Олимов А.А., номзади илмҳои биологӣ;

– оид ба география – Мутавалиев А.Т., номзади илмҳои геология ва минералогия;

-оид ба технологияҳои иттилоотӣ – Туев Ш.Ш., номзади илмҳои педагогӣ;

– оид ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ – Воҳидов А., номзади илмҳои техникӣ, Осими Оқил номзади илмҳои техникӣ.