Аз дарозои таърих мусаллам аст, ки аз қадим миллати тоҷик орзӯи доштани шоҳи раиятпарвар ва шахсияти миллиро дошт, то ҳарфи дилашро гуфта тавонад ва ё ҳарфи дили миллатро бишнавад. Пас аз суқути империяи Сомониён ва чандин садсола беҳуқуқ зистану ҷабр кашидан, мубориза бурдан барои озодиву адолат ва ниҳоят касби истиқлол намудани давлати Тоҷикистон миллати тоҷик ба ин орзуи деринаи хеш бирасид. Тоҷику тоҷикистонӣ дар замони истиқлол бо интихоб намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин орзӯи деринааш расид, ормонаш амалӣ шуд. Шахсияти миллӣ, ватандӯст, эҳёгар ва башардӯсту хирадманд, оқилу ҳимматбаланд ва инсондӯсту ғамхор, саховатманду маорифпарвар, далеру шуҷоъ ва ҷонфидову содиқ ва ин ҳама дар хислати як нафар таҷассум ёфт. Ин шахсияти миллӣ, ин қаҳрамон ва ин марди ватандӯст, ин ҳомии арзишҳои миллӣ ва эҳёгари тоҷикият Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бар хонадони ҳар як тоҷик саодат овард, миллатро аз ғурбат наҷот дод ва давлатро аз нестӣ вораҳониданд. Ва ин аз садоқату самимият, ҷонфидоиву сарсупурдагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои милати тоҷик ва ҳар як тоҷикистонӣ хидмати бузург мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки ин марди бузург, ин сиёссатмадори беназир ва ин шоҳи адолатпарвар ҷонашро фидо карду Тоҷикистонро наҷот дод, давлатро обод кард, миллатро ба саодат расонид, халқро ба ваҳдат расонид ва ҷомеаи ободу озод ва демокративу ҳуқуқбунёдро асос гузоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо барои шукуҳу шаҳомати миллат, саодату хушҳолии ҷамъият талош намуда, сиёсати инсонпарваронаро аз рӯзҳои нахустин амалӣ намуданд. Пешвои муаззами миллат доимо раҳму шафқатро пеша намуда, ҳамеша дар сиёсати худ адолатро пеша месозанд. Тайи солҳои зиёди соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо Қонуни авфро ба имзо расонида, барои инсонҳои муҷрим ва гунаҳкор имконияти дубораи зиндагӣ додаанд, ки ин адолат ва ҳикмати инсондӯстонаву ғамхории махсуси Роҳбари давлат шаҳодат медиҳад. Ин бор, ки ба 18034 нафар имконияти дубораи сохтани зиндагӣ дар доираи қонунро доданд, боз ҳам ба 18034 оила шодиву нишот ва хурсандӣ бахшиданд, ки инро инсони дорои дили бузург ва самимияти баланди инсонӣ анҷом медиҳад. Ҳикмати сарвари миллӣ ҳамин аст. Ба қадри ин ҳама некиҳо ва бахшоишҳо расид, зеро чандин асрҳо боз миллати тоҷик чунин сарвар, чунин Президент ва чунин Пешворо орзу мекард ва шукр, ки имрӯз чунин шахсияти миллӣ, Пешвои ғамхору инсондӯст ва саодатовару одилро дорад! Доштани чунин Сарвари ғамхор, Пешвои ваҳдатовар, Президенти башардӯсту адолатпарвар барои ҳар як тоҷику тоҷикистони ифтихори бузург мебошад!
Ин Қонуни авф имконият медиҳад, ки 18034 нафар дубора ба ҳаёти осоишта баргардад ва зиндагии зебову босаодаташро бисозад ва дигар ба қонуншиканиву қинояткорӣ фикр накунад ва ин иқдоми бузургу бахшоиши беназир мебошад. Зеро ҳар як иқдом ҳикмат дорад ва ин иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикмат дорад, сабақи бузург мебошад.
Роҳандозӣ намудани ин гуна иқдом аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ин миллат соҳиб дорад ва ҳатто агар шаҳрванд ҷинояткор ҳам бошад, муртакиби гунаҳ ҳам бошад, боз зери ғамхориву бахшоиш қарор мегирад ва дар волотарин сатҳ дар борааш андешаронӣ сурат мегирад, ки бар чунин Пешво фақат бояд аҳсан гуфту сипос гуфт!
Ин гуна иқдоми Роҳбари хирадманди давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авф намудани шаҳрвандони муҷрим ва ё муртакиби гуноҳ ононро бар андеша водор сохта, бар худогоҳиву хештаншиносӣ водор месозад. Зеро ҳикмати инсон ин содир намудани ҷиноят нест, балки инсонвор зистан, зиндагӣ сохтан, ҷамъиятро обод кардан аст. Вақте шаҳрвандон мавриди авфи Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор мегиранд, ҳатман андеша хоҳанд карду изҳори пушаймонӣ намуд.
Ҳамин аст вақте идораи давлат дар дасти шахсияти миллӣ, Шоҳи одил ва хирадманду фазилатманду садоқатманд қарор дорад!
Зинда бод Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои адолатпарвар ва бахшояндаву меҳрубон!
Зинда бод истиқлоли тоҷик бо Роҳбари хештаншиносу давлатмардаш!
Зинда бод Пешвои адолатпарвар ва раиятпарвару ватансози тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Зинда бод ҳомии асилу наҷотбахши тоҷикият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ҷовидон бод истиқлоли тоҷик бо Пешвои башардӯсту ваҳдатовараш!
Муҳаммад Саидов
сардори шуъбаи иттилооти ДКМТ
