ИФРОТГАРОӢ ИНСОНРО БА ҶАҲОЛАТ МЕБАРАД

Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеаи башарӣ паҳншавии ифротгароӣ мебошад. Ифротгароӣ ҳамчун падидаи хатарнок ба амният, субот ва пешрафти ҷомеа таҳдид намуда, ҷавононро аз роҳи дурусти зиндагӣ дур месозад. Таърих нишон медиҳад, ки ҳар гоҳ инсон аз роҳи ақлу дониш дур шуда, ба андешаҳои тундравона пайравӣ мекунад, ба ҷаҳолат ва нодонӣ гирифтор мегардад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ифротгароӣ инсонро ба ҷаҳолат мебарад ва монеаи рушди шахсият ва ҷомеа мегардад.
Калимаи «ифротгароӣ» маънои аз ҳад гузаштан, тундравӣ ва риоя накардани меъёрҳои муқаррарии иҷтимоиро дорад. Шахсони ифротгаро ҷаҳонро танҳо аз нуқтаи назари худ мебинанд ва ақидаҳои дигаронро қабул намекунанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки фикру андешаҳои худро ба дигарон таҳмил намоянд ва барои расидан ба мақсадҳои худ ҳатто аз зӯроварӣ истифода мебаранд.
Ифротгароӣ метавонад дар шаклҳои гуногун — динӣ, самтӣ ва иҷтимоӣ зуҳур кунад. Новобаста аз шакли он, натиҷаи асосӣ як аст: барангехтани кинаву адоват, вайрон намудани ваҳдат ва халалдор сохтани оромии ҷомеа.
Ҷаҳолат маънои надоштани дониш, маърифат ва фаҳмиши дурусти воқеиятро дорад. Одамони ҷоҳил воқеаҳоро бе таҳлил қабул мекунанд ва ба ҳар гуна таблиғоти бардурӯғ зуд бовар менамоянд. Маҳз ҳамин омил боиси он мегардад, ки баъзе ҷавонон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.
Ифротгароён бештар аз нодонӣ ва каммаърифатии мардум истифода мебаранд. Онҳо бо ваъдаҳои бардурӯғ, шиорҳои фиребанда ва таҳрифи арзишҳои динӣ ё миллӣ ҷавононро гумроҳ месозанд. Шахсе, ки сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии васеъ дорад, метавонад ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кунад, вале инсони ҷоҳил ба осонӣ қурбонии чунин гурӯҳҳо мегардад.
Аз ин лиҳоз, ифротгароӣ на танҳо натиҷаи ҷаҳолат аст, балки худ низ сабаби афзоиши ҷаҳолат мегардад. Вақте инсон ба андешаҳои ифротӣ гирифтор мешавад, қобилияти таҳлил ва андешаи мустақили худро аз даст медиҳад. Ӯ дигар ба илм, фарҳанг ва арзишҳои инсонӣ аҳамият намедиҳад ва танҳо ба ақидаҳои маҳдуди гурӯҳи худ пайравӣ мекунад.
Таъсири манфии ифротгароӣ ба ҷомеа
Ифротгароӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Пеш аз ҳама, он амнияти давлат ва мардумро зери хатар қарор медиҳад. Амалҳои террористӣ, низоъҳо ва хушунатҳо аксаран аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ташкил карда мешаванд.
Аз ҷониби дигар, ифротгароӣ рушди иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро низ суст мегардонад. Дар ҷомеае, ки нооромӣ ҳукмфармост, сармоягузорӣ кам мешавад, имкониятҳои таҳсил ва кор маҳдуд мегарданд ва сатҳи зиндагии мардум паст мешавад.
Ҳамчунин, ифротгароӣ ба муносибатҳои байни одамон таъсири бад мерасонад. Он байни намояндагони миллатҳо ва динҳои гуногун кинаву адоватро ба вуҷуд оварда, фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро вайрон мекунад. Дар натиҷа, ваҳдати миллӣ, ки яке аз арзишҳои муҳимтарини ҳар давлат мебошад, осеб мебинад.
Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ба ҳамин хотир, онҳо бояд дар мубориза бар зидди ифротгароӣ фаъол бошанд. Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии онҳо аҳамияти калон дорад.
Мутолиаи китоб, омӯзиши илмҳои муосир, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҷавононро аз таъсири ғояҳои ифротӣ муҳофизат мекунад. Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ояндаи давлат ва миллат аз сатҳи дониш ва масъулияти шаҳрвандии ӯ вобаста аст.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки ифротгароӣ яке аз хатарҳои ҷиддии ҷомеаи муосир мебошад. Он инсонро аз роҳи ақлу хирад дур карда, ба ҷаҳолат, нодонӣ ва хушунат мебарад. Мубориза бар ин падида танҳо бо роҳи баланд бардоштани сатҳи маърифат, рушди илм ва тарбияи дурусти ҷавонон имконпазир аст. Ҳар як шахс бояд кӯшиш намояд, ки дониш омӯзад, ҷаҳонбинии худро васеъ гардонад ва ба ҳар гуна ғояҳои ифротӣ муқовимат намояд. Зеро танҳо ҷомеаи босавод, фарҳангӣ ва муттаҳид метавонад аз хатари ифротгароӣ эмин бимонад ва ба сӯи пешрафту тараққиёт қадам гузорад.
Хоҷамов Санъат
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон