Моҳи сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии мактаби санъати шаҳри Бӯстон ба номи Шодмон Алифов бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Тибқи қарори раиси шаҳри Бӯстон як қатор пешсафони фаъолият бо медалҳои ҷашнӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла профессор, олими варзида ва саршинос Розиқов Зафарро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ қадрдонӣ намуд.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон устоди арҷманд ва гиромӣ, профессор Розиқов Зафарро ба ин дастоварди беназир—қадршиносии воло табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва комёбиҳои беназирро таманно менамояд!
Саҳми профессор Розиқов Зафар дар тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат ва рушди маориф беназир мебошад!
Қадршиносӣ бори дигар хуҷаста бод, устоди гиромӣ профессор Розиқов Зафар!
