Моҳи сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии мактаби санъати шаҳри Бӯстон ба номи Шодмон Алифов бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири кафедраи геология ва корҳои маркшейдерии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Самадова Гулӣ Мирҷоновна бо медали «Хизмати шоиста» аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муаллимаи арҷманд ва гиромӣ Самадова Гулиро ба ин дастоварди воло—мукофоти давлатӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият таманно менамояд.
Саҳми доктори илм, муаллимаи гиромӣ Самадова Гулӣ дар таълиму тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат, рушди соҳаи маориф беназир мебошад.
Бори дигар хуҷаста бод, мукофоти давлатӣ муаллимаи арҷманд Самадова Гули!
