Имрӯз, 5-уми сентябр бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят роҳпаймоии меҳнаткашон баргузор гардид. Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода кулли сокинони сарбаланди вилоятро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарорасии ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Ин санаи муқаддас барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд. Истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги қадимаи худро шиносем, анъана ва оинҳои неки миллиамонро аз нав эҳё кунем ва кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун давлати ободу озоди дорои фарҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ намоем.
Омӯзгорону кормандону донишҷӯёни сарбаланду заҳматқарини Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имрӯз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати 35 соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ба шарофати истиқлоли давлатӣ, роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати ватандӯстонаи мардум дар вилоят ҳазорҳо иншоот бунёд гардида, ба хизмати сокинон гузошта шуданд, ки сохтмони баъзеи онҳо дар даврони гузашта ғайриимкон буд.
Дар қатори дигар меҳнаткашон ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зери роҳбарии ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат дар роҳпаймоӣ бо муаррифии дастовардҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва таълимӣ дар роҳпаймоӣ ширкат варзиданд.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо шиорҳои Истқлолу озодият поянда бод Тоҷикистон!, Тоҷикистон ба пеш!
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари тоҷикони ҷаҳон!
Бо Пешвои миллат ифтихор менамоем!
Тоҷикистон бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи музаффариятҳои нав!, Ҷовидон бод Истиқлолу Озодӣ! Истиқлолият неъмати бузург!, Барои рушди Тоҷикистон содиқона саҳми арзишманди худро мегузорем!
Ватан ҳама ҳастии мо туӣ!
Тоҷикистон биҳишти рӯйи дунё!
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дастоварди замони истиқлол!
Истиқлолият дастоварди беназир!
Ҳастии миллат аз истиқлол аст!
Саодати мо аз истиқлол аст!
Дар саноатикунонии босуръати мамлакатамон саҳми арзандаи хешро мегузорем!
Поянда бод истиқлоли Тоҷик!
Ҳумоюн бод ҷашни истиқлолу озодӣ!
35- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Поянда бод саодату ваҳдати миллати тоҷик!
Дар пешрафти илму маориф саҳми арзишманд мегузорем!
35- соли музаффарият ва муваффақияти миллати тоҷик хуҷаста бод!
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар саноатикунонии босуръати кишвар саҳми босазо мегузорад!
Сулҳу дӯстӣ мароми мост! ва ғайра дар роҳпаймоӣ ширкат варзиданд.
Шуъбаи иттилоот




