Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ду нафар шаҳрванд Мансурова Инобат бо духтарашро, ки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овардааст, қабул намуд.
Дар рафти қабул маълум гардид, ки мавсуф модари донишҷӯи факултети металлургия буда, ба хотири қарзҳои фарзандаш муроҷиат намудааст. Зимни суҳбат ҳамчунин декани факултети металлургия дотсент Шамсиддинов Шӯҳратҷон низ даъват карда шуд ва ҳолати донишҷӯ, ки ба модараш ягон хел иттилоъ надодааст, фаҳмонида шуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин дастур дод, ки то ҳадди имкон ба ин модар кӯмак намоед ва пас аз адои қарзи фарзандӣ, агар имкон шаваду хоҳиши идомаи таҳсил бошад, фарзандашонро дастгирӣ намоед.
Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта ду маротиба шаҳрвандон метавонанд ба қабули шаҳрвандон муроҷиат намуда, масъалаи хешро матраҳ созанд.
Шуъбаи иттилоот