Матбуот дар бораи чорабиниҳои донишкада

Дар пайи як конфронси байналмилалӣ, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати олимони сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардид, рӯзномаи “Согдийская правда” муфассал аз ҷараёни ин ҳамоиш гузориш додааст ва як саҳифаи пурраи рӯзнома дар бораи ин лоиҳаи муҳим гуфта шудааст. Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси профессори донишкада, олими сермаҳсул Розиқов Зафар дар доираи Лоиҳаи “Ҳамоҳангии рушди об” гузаронида шуд. 

Розиқов Зафар аз олимон ва таҷрибадорони соҳа буда, баҳри пешрафти илм талошҳои зиёде намудааст ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз ӯ ном мебаранд ва ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ борҳо аз Розиқов Зафар ҳамчун олими серкор ва пурталош тавсиф намудааст. Умед мебандем, ки таҷрибаи Розиқов Зафар, мактаби сохтаи эшон барои насли ҷавон метавонад зинае барои расидан ба куллаи мурод бошад.