Дарси амалии донишҷӯён дар саҳро ва шахтаҳо

Дирӯз, донишҷӯёни бахши чоруми ихтисоси геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фойданок дарси амалии хешро дар саҳро бо таҷриба аз корҳои саҳроӣ гузарониданд. Донишҷӯёнро омӯзгори варзида, геологи таҷрибадор ва пешқадар устод Анвар Отаев роҳбарӣ намуда, нахуст субҳи барвақт донишҷӯёнро бо муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин шинос намуда бо гирифтани чанд машварат ва саркушоӣ намудани нақшаи дарси амалӣ дар саҳро роҳро идома доданд. 

Донишҷӯён дар ҷараёни дарс аз тарзҳои истифодаи сангҳо, намунагирӣ, муайянсозии қишрҳои кӯҳӣ ва дигар корҳои саҳроӣ аз таҷрибаи геологи номдори ҷумҳурӣ, омӯзгори фаъоли донишкада Анвар Отаев хеле ҷизҳоро омӯхта, худ ба корҳои геологӣ машғул шуданд.

Анвар Отаев ба донишҷӯён аз таҷрибаи хеш нақл намуда, сипас мавзӯи дарсро тавъам сохта, ба онҳо донишҳои бештарро бо нишон додани амалия фароҳам сохт. Донишҷӯён аз шахтаҳо ва конҳои куҳна дидан намуда, тарзи истифода ва коркардро низ лмӯхтанд.