Қабули шаҳрвандон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз бо тавсияи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ сардори шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии донишкада Муминова Дилором шаҳрванд Бобоҷонова Махфиратро ба ҳузур пазируфт.

Зимни муроҷиати шаҳрванд маълум шуд, ки номбурда мехоҳад, дар донишкада фаъолият намояд. Ба шаҳрванд Бобоҷонова Махфиратро тавсия дода шуд, то ҳуҷҷатҳои лозимаро ба шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ пешниҳод намояд ва аз рӯйи бозбинии ҳуҷҷатҳои довталабон дар ҷалсаи Шӯрои олимони донишкада хулосабарорӣ сурат мегирад.

М. Сайидзода