Ҳамкориҳои илмӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Тоҷикистону Донишкадаи кӯҳии шаҳри Навоӣ густариш меёбанд

Бо сафари хидматӣ декани факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон номзади илмҳои техникӣ Самадова Гулӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд ва аз натиҷаи сафар ва ҳамзамон мақсаду натиҷагирии он ба шуъбаи иттилоот хабар расониданд.

Сафари муаллима  Самадова Г.М. аз дидору гуфтунишунид баҳри ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва донишкада, ҳамзамон табодули донишҷӯён байни муассисаҳо оғоз гардидааст.

Ҳини сафар Самадова Г.М. бо ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи кӯҳии шаҳри Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тешаев Бахтиёр вохӯрӣ намуда, ҷиҳати ҳамкории илмӣ муколамаи судманд анҷом додаанд. Тешаев Б.  ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи кӯҳии шаҳри Навоӣ таклиф намуданд, то омӯзгорону кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои дутарафаи илмӣ ба Донишкадаи кӯҳии шаҳри Навоӣ ҳамкорӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар муколами мазкур ҷиҳати табъу нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаи илмии Донишкадаи кӯҳии шаҳри Навоӣ ва ҳамзамон ҳимояи унвонҷӯён дар Шӯрои дисиртатсионии ҳамин донишкада хостори ҳамкории тарафайн сурат гирифтааст.