Монографияи нав барои мутахассисони барқ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омода гардид

    Истифодаи энергия шарти ҳатмии фаъолияти инсоният ҳисоб меёбад. Мавҷудияти дастрасии энергия барои истифодабари ҳамеша барои қонеъ намудани талаботи инсон, барои дарозумрӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии ӯ муҳим мебошад.

Монография оид ба таҳқиқотҳо ва коркардҳои илмӣ – техникии усулҳои алтернативии истеҳсоли энергияи барқӣ дар асоси манбаъҳои табиӣ барқароршавандаи  энергия бо назардошти дурнамои 5 – солаи корҳои илмӣ – татқиқотии кафедраҳои таъминоти барқ, технология ва таҷҳизоти мошинсозӣ барои донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯёни равияи муҳандисӣ тартиб дода шудааст.

Дар монографияи мазкур, асосан масъалаи истеҳсоли нерӯи барқ бо истифодаи энергияи фишори гази табиӣ ҳангоми истихроҷи он аз конҳо ва истифодаи энергияи гармии дохилии об бо имконияти табдилдиҳии он ба нерӯи барқ таҳлил карда шудааст. Инчунин, маводи зерин барои дар фаъолияти меҳнатии худ истифодабарии муҳандисони соҳаи барқ пешбинӣ шудааст.