Бахтиёр Маҳмадалӣ: Дар соли 2021 100 аудиторияи нав бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ ба донишҷӯён омода карда мешавад

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15.09.2011с. №АП -1729 ва мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28.01.2021с. оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо нишастӣ матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон аз тамоми расонаҳои вилоятӣ баргузор гардид.
Дар нишаст нахуст ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба тариқи зинда бидуни хондани варақаи ҳисоботи суханронӣ намуда, аз ҷамъбасти фаъолияти донишкада дар соли 2020 ба ҳозири иттилоъ дода, илова намуданд, ки ҳадафи аслии мо ин омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи санаот мебошад ва мо дар ин самт тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ медиҳем, то кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон тарбия ёбанд…
Гуфта шуд, ки дар ин давра ҳамкориҳои донишкада бо донишкадаву донишгоҳҳои хориҷӣ густариш ёфта, новобаста аз пандемияи Ковид-19 дар ин давраи ҳисоботӣ зиёда аз 60 конфронсу симпозиумҳои илмӣ ба тариқи мустақим ва онлайнӣ бо ширкати намояндагони донишгоҳҳои аврупоӣ ва осиёгии шарик гузаронида шуд. Ҳамзамон дар ин давр ба омӯзгорону донишҷӯёни гирифторшуда ба маризии Ковид-19 кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Айни замон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 15 кафедра фаъолият мебарад, ки 8 кафедра бо корхонаҳои истеҳсолӣ шартнома намуда, филиали худро боз кардааст ва қарор аст, ки имсол низ 4 кафедраи тахассусӣ дар корхонаҳои истеҳсоли филиалҳои худро боз кунанд ва дарсҳои амалиро дар ин филиалҳо гузаронанд.
Ба хотири густариш додани ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ феълан Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе ҷиҳати табодули ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва боз намудани ихтисосҳои нав ҳамкорӣ кардаистодааст, ки ин ҳам ба хотири рушди соҳа мебошад.
Қарор аст, ки дар соли оянда Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 100 адад компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шавад. Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ доир ба ихтисоси нави заргарӣ, ки дар донишкада амал мекунад, сухан рафта, гуфта шуд, ки барномаи комил барои омӯзонидани донишҷӯён ва ҳамчунин 3D принтерҳо харидорӣ гардидааст, ки барои қолабгирӣ ва истифода аз ҳар гуна шаклҳои маснуоти заргарӣ дар ихтиёри донишҷӯёни соҳа гузошта шудааст.
Феълан Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 47 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, ҳамасола табодули донишҷӯён дар ин донишгоҳҳо сурат мегирад.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотии имрӯза дар мавриди ба кор қабул намудани хатмкунандагони ихтисоси нафту газ аз ҷониби корхонаҳо Россия сухан рафта, гуфта шуд, имрӯз бидуни кадом мушкилот хатмкунандагони соҳаи мазкур дар корхонаҳои нафту гази Россия фаъолият кардаистодаанд.


Дар нишасти матбуотӣ ба суолҳои рӯзноманигорон ҳамчунин муовинони ректор Қозиев К.С. ва Насриддинов З.З. низ посух доданд.
Имсол, дар донишкада қарор аст, ки хобгоҳи донишҷӯён пурра аз таъмир бароварда шавад ва бо тамоми шароитҳо муҳайё гардад.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз шакли таҳсили фосилавӣ дар донишкада ёдовар шуда,изҳор доштанд, ки айни замон 150 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар донишкадаи мо ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд ва дар давраи имтиҳонсупорӣ онон ба хобгоҳ таъмин карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ буда, мо низ талош мекунем, ки дар саноатикунонии мамлакат саҳми худро гузорем.

Муҳаммад Сайидзода