Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон сурат гирифт, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, сардори раёсати кадрҳо Мӯминова Дилором, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадина ва ҳуқуқшиносӣ донишкада Деҳқонов Дилшод ширкат варзиданд.

Дар ин рӯзи қабул бо аризаи дархостӣ барои ёфтани ҷойи корб шаҳрванд Ҷангибекова Гулсара муроҷиат намуд, ки пас аз дидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои шаҳрванд, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳозирин дастур доданд, то муроҷиати шаҳрванд қонеъ карда шавад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳар ҳафта дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти донишкада сурат мегирад.

Дар қабули имрӯза шаҳрванд Ҷангибекова Г.  бо супориши ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҷойи корӣ дар озмоишгоҳи заршӯйии донишкада таъмин карда шуд.

М. Сайидзода