Конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 110 солагии М. Турсунзода дар донишкада бо ширкати ректор н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз,  дар толори Шӯрои олимони донишкада дар доираи “Ҳафтаи кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ”  бахшида ба 110-солагии шоири  адабиёти муосири тоҷик Мирзо Турсунзода конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии имрӯза ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовинони ректор, деканҳои 4 факултет, ҳамчунин мудирони кафедраву сардорони шуъбаҳо ширкат варзиданд. Нахуст сухан ба ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дода шуд, ки роҳбари донишкада дар мавриди пажӯҳиши осори М. Турсунзода ва бедории мардумони ҷабрдидаи Африқо сухан ронда, хизматҳои шоири тавонон ва сулҳпарвари тоҷик М.Турсунзодаро махсус қайд намуданд.

Дар чорабинии имрӯза ҳамчунин омӯзгорон ва донишҷӯён баромад намуда, аз осори Мирзо Турсунзода қиссаву дубайтиҳо қироат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чунин чорабиниҳо рӯз аз рӯз зимёдтар гардида, дар доираи ҳафтаи кафедра васеъ инъикос карда хоҳад шуд.

М. Сайидзода