Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ се нафар шаҳрвандонро, ки бо мақсади пайдо намудани ҷойи корӣ муроҷиат карда буданд ба ҳузур пазируфт ва роҷеъ ба имконияти донишкада суҳбат кард. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба шаҳрвандон Карина Сергеевна, Раҳмонова Гулчеҳра, Ғафурова Муқаддас тасия дод, ки дар моҳи сентябр муроҷиат намоянд ва аз рӯи имконият талаботашон қонеъ карад мешавад. Дар қабули шаҳрвандон ҳамчунин сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Комилова Хуршеда низ ширкат дошт.

Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе ректори донишкада шаҳрвандонро қабул менамояд ва шаҳрвандон метавонанд ба тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули ректори донишкада ширкат варзанд.