Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ

Нимаи дуюми имрӯз ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Мадина Б.- ро, ки қаблан дар донишкада фаъолият дошту ба рухсатии ҳомиладорӣ баромада буд, ба ҳузур пазируфтанд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро дар қабули мазкур сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Сулейманова Назокатбону ҳамроҳӣ намуданд.
Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст аз ҳолу аҳволи собиқ корманди донишкада пурсон шуда, то чӣ ҳад омода будани ӯро ба кор суол намуданд ва сипас тибқи ҷойҳои мавҷуда, ӯро ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсус барои идомаи фаъолияти корӣ роҳнамоӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта сурат гирифта, шаҳрвандон метавонанд, тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули ректори донишкада ҳозир шаванд.
Шуъбаи иттилоот