Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ: Конститутсия аз они халқ буда, ба халқ хизмат менамояд

Моҳи ноябр миллати тоҷик чандин санаи таърихиро таҷлил менамоянд, аз ҷумла Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамаи ин барои миллати сарбаланди тоҷик ҷашнҳои муқаддас маҳсуб мешаванд. Доштани ҳама рамзҳои муқаддаси давлат ва арҷгузориву эҳтиром ба он нишон аз озодагиву осудагӣ ва соҳибихтиёриву соҳибиродагии миллати сарбаланди тоҷик мебошад.

Чунин иброз доштааст андешаҳояшро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ дар мақолае, ки ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

Барои тамоми тоҷикистониён мояи хушнудист, ки 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, — навиштааст муаллиф. —  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма мегирад, ки дар моддаи якуми конститутсия маҳз ҳамин чиз таъкид  карда шудааст:  Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошаду давлат парастории камбизоатон, ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаву дастнигарро бар уҳда мегирад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Конститутсия санади олӣ буда, мустақиман амал менамояд ва ба  санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ аст.  Ҳарчанд мо  чунин санад доштем, аммо он ҳама аҳдофу ниятҳои давлату миллатро бароварда намесохт ва ба талаботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавобгӯ набуд. Дар Конститутсия имрӯз афзалият ба гуманизм, нақши инсон ва озодиҳои ӯ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва дар он моддаи алоҳида дар бораи инсон ва озодиҳои ӯ мавҷуд аст, ки ин аз кафолати ҳифзи арзишҳои инсонӣ шаҳодат медиҳад.  Ба ибораи дигар бигӯем, ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Конститутсия заминаҳои асосии сохторҳои давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муҳокима иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки мо ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.

Перомуни Конститутсия, ки миёни ҷомеа ҳамчун Қонуни асосӣ  низ маъруфият дорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳори андеша намуда буданд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Зикр кардан зарур аст, ки  тибқи моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Чунин меъёр бори дигар исбот менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқ ташкил медиҳад. Ба таври дигар бигӯем, Конститутсия аз они халқ буда, ба халқ хизмат менамояд.

Ҳамагон хуб шоҳидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тақдири шаҳрвандон бетараф нестанд ва ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби Сарвари давлат ба соҳаи муҳим ва калидӣ барои ҷомеа- илму маориф  таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Дар Конститутсия-санади тақдирсози миллат қонунҳо дар бораи маориф ва макотиби миёна ва олӣ мавҷуданд, ки ин кафолати пешрафти соҳаи мазкур мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияташ  барои қавию ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, минбаъд низ симои сиёсӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ менамояд.

Манбаъ: АМИТ “Ховар”