Донишҷӯёни мо дар озмуни шаҳрии “Тоҷикистон ватани азизи ман” ғолиб гардиданд

Дирӯз, дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман”, ки даври шаҳрӣ баргузор гардид, донишҷӯёни мо Ҷӯраев Абдулвафо аз рӯи номинатсияи навозандагӣ соҳиби ҷойи аввал, Шодизода Сомонбек аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ дар жанри эстрадӣ соҳиби ҷойи дуюм ва Шуҳратзода Шоҳрӯз дар номинатсияи сарояндагӣ дар жанри эстрадӣ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. 

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур дар давраҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ низ ҷамъбаст мегардад.

Ба ғолибони мазкур муовини ректор ба корҳои тарбиявӣ Аминҷонова Мавлуда тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Шӯъбаи иттилоот