Дар донишкада бо ширкати кормандон шанбегии умумӣ баргузор гардид

Дирӯз, бо дастури ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ шанбегии умумӣ дар донишкада бо ширкати омӯзгорону кормандон баргузор гардид, ки дар ин бора ба шӯъбаи иттилоот муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад иттилоъ дод.

Рӯзи шанбе кормандони донишкада атрофи гулзорҳо ва роҳравҳоро аз алафҳои бегона тоза намуда, сипас қисматҳои берунии хиёбони  шафати донишкадаро аз партовҳо пок намуданд. 

Дар ин рӯз ҳама омӯзгорон фаъолона ба корҳои созандагиву ободонӣ ҷалб шуданд.

Шуъбаи иттилоот