(дар ҳошияи қабули Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷониби СММ)
Мусаллам аст, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир аз масоили нигаронкунанда ва ҳалталаби рӯз боқӣ мемонад. Феълан, ҷаҳони пур аз тазод ҷомеаро водор месозад, то дар фикри ҳалли низоъ ва мушкилоти байналмилалӣ бошанд.Тавре маълум аст, ҳоло ҷаҳон бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризму экстремизм, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодиву гуманитарӣ рӯ ба рӯ мебошаду масъалаи таҳкими сулҳу субот аҳаммияти бештар пайдо намудааст. Дар моҳвораи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷиро бар асоси сулҳҷӯӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ тавассути муколама ба роҳ мондааст. Дар ин замина, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро соҳиб гардидаанд.
Яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қатъномаи СММ оид ба эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад. Ин ташаббус бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, аҳаммияти бузурги сиёсиву байналмилалӣ дорад. Қатъномаи мазкур 25-уми июни соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид ва ба таҳкими сулҳ, густариши равобити дӯстонаву ҳасана, тавсеаи муколама дар ҳалли низоъҳо, оштӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо равона гардидааст ва умед аст, баҳри ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ҳуҷҷати тақдирсоз гардад.
Лозим бар таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касби истиқлол марҳилаи душвори таърихиро паси сар намуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба кишвар хисороти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ расонид. Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ хеле мураккаб гардида буд. Зиндагӣ ва фаъолият душвор ва сангин гардида буд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, бо талошҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардуми тоҷик дар кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардида, марҳилаи нави кору зиндагӣ ва тараққиёт оғоз гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори амнтарин кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ мегардад, ки ин ҳама самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ногуфта намонад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ё худ формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун намунаи ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Дар ин чанд соли охир, Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташаббусҳои созандаро дар масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими сулҳ пешниҳод намуда, аз минбарҳои байналмилалӣ ҷонибдори ҳамкории солими байни давлатҳо ва сулҳу осоиштагӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити феълӣ зарурияти сулҳ ва осоиштагиро хеле хуб дарк намуда, мавҷудияти онро ҳатмӣ медонанд ва онро ҳамчун асоси пешрафт ва ташаккули инсони содиқ, ватандӯст, ва оқилу донишманд меҳисобанд: «Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ муҳити мусоид фароҳам меоварад, ки наслҳои нав ба ҷойи тарс аз ҷангу ноамнӣ босаводу донишманд, хушахлоқу худшинос ва содиқ ба Ватан ба воя расанд”.
Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки сулҳ асоси рушд, амният ва зиндагии шоистаи инсонҳо мебошад. Ва ҳамин аст, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ равона шудааст. Консепсияи сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фалсафаи башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки Қатъномаи қабулнамудаи Маҷмаи Умумии СММ давраи солҳои 2027–2036-ро ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” эълон мекунад ва мақсад ё ҳадафи асосии ин Қатънома густариши фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди муколамаи созанда ва ҳамкории байналмилалӣ, ҳамзамон, ҷалби ҷавонон, кӯдакон ва насли калонсол ба ташаккули ҷомеаи осоишта ва орому пешрафта мебошад.
Дар ин қатънома самтҳои муҳим ба ин шакл пешбинӣ шудааст:
таҳкими фарҳанги сулҳ ва таҳаммулпазирӣ;
рушди муколама байни тамаддунҳо ва фарҳангҳо;
пешгирии низоъҳо бо роҳҳои дипломатӣ;
баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳ;
таъмини манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми қабули қарорҳои сиёсӣ;
густариши ҳамкории байналмилалӣ барои рушди устувор…
Қатъномаи мазкур ҳамчунин ба Оинномаи СММ ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ такя намуда, ҳамаи давлатҳои узвро ба саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои он даъват менамояд, ки ин барои тақвияти равобит ва устувории сулҳ дар курраи Замин мусоидат менамояд.
Ин нуктаро бояд махсус таъкид сохт, ки қабули ин Қатънома муввафақияти навбатии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳолат бори дигар нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимод доранд ва онҳоро барои таҳкими сулҳу амният муҳим меҳисобанд.
Ин дастоварди муҳими байналмилалӣ обрӯи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардошта, кишвари моро зери сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар муаррифӣ сохт.
Ҳамчунин, қабули ин қатънома барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва густариши муносибатҳои дипломатӣ мусоидат менамояд.
Барои ҷомеаи Тоҷикистон ин қатънома аҳаммияти маънавӣ низ дорад, чунки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши муҳим ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Ҳифзи сулҳу ваҳдат танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд низ мебошад ва дар ин самт ҳар яки мо масъулият дорем ва бояд барои ҳифзи сулҳу дӯстӣ, таҳкими фарҳанги сулҳу ваҳдат талош намоем.
Ҷавонон бояд дар раванди тасмимгириҳо ва таҳкими сулҳ фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар рушди ҷомеа обод, пешрафта ва аҳл гузоранд. Ҷавонони мо бояд бар зидди ҳама гуна бегонапарастӣ, ақидаҳои зиддимиллӣ, зиддиинсонӣ мубориза баранд ва роҳи дурусту босаодатро созанд. Ҳоло дар кишвари азизамон барои дастгирии ҷавонон шароити хеле мусоид фароҳам оварда шудааст. Ширкати ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои ин даҳсола метавонад ба таҳкими сулҳу субот дар сатҳи байналмилалӣ саҳми бориз гузорад.
Қайд кардан зарур аст, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар принсипҳои монанди эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳову низоъҳо ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ асос ёфтааст.
Бояд гуфт, ки дар солҳои охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати тоҷикон ташаббусҳои зиёди байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки аксари онҳо аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияти башардӯст ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва давлати масъулиятшинос эътироф менамоянд.
Қатъномаи нав, ки ба наздикӣ аз ҷониби СММ қабул гардид, идомаи мантиқии ҳамин сиёсати созандаву башардӯстона буда, барои таҳкими сулҳ, амнияти байналмилалӣ ва рушди устувор имкониятҳои нав фароҳам меоварад.
Дар умум метавон чунин арзёбӣ намуд, ки Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастоварди муҳими дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдом бори дигар собит сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор дорад.
Таъкид намудан лозим аст, ки татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалӣ ба таҳкими сулҳ, рушди фарҳанги муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард. Барои мо ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ин қатънома на танҳо як муваффақияти сиёсӣ, балки идомаи мантиқии сиёсати сулҳхоҳона ва инсонпарваронаи Роҳбари олии давлат арзёбӣ мешаваду мояи ифтихор аст.
Ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамкории созанда бояд вазифаи ҳар як шаҳрванд бошад, зеро танҳо дар фазои сулҳу субот метавон ҷомеаи пешрафта, иқтисодиёти қавӣ ва зиндагии арзандаро барои наслҳои имрӯзаву оянда таъмин намуд. Қабули ин Қатънома бори дигар аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак дода, собит месозад, ки як шахсияти башардӯст метавонад чӣ хел нақши муассир дар тақдири башарият гузорад. Ин ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар насли башар мебошад, ки аз ҳикмати волои миллати тамаддунофари тоҷик сарчашма мегираду меҳвараш сулҳу дӯстӣ ва инсони комилу худшинос сохтан аст ва ин ҳам ба хотири бунёди ҷомеаи солим дар моварои ҷаҳон мебошад. Метавон чунин арзёбӣ намуд, ки ин қатънома аз сиёсати инсондӯстона ва сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегираду ҳадафаш сохтани ҷаҳони орому осоишта ва пешрафтаву инсонсоз мебошад.
Қабули ин Қатънома моро водор месозад, то дар ҳалли масоили байналмилалӣ бетараф набошему ҳикмати волои сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ созем.
Давлатзода Давлат
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
