Мусаллам аст, ки кишвари азизамон Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ба як давраи бисёр душвору сарнавиштсоз рӯ ба рӯ гардид. Солҳои аввали истиқлолият мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зиёд буд. Мутаассифона, аҷнабиён тавонистанд аз фурсат истифода баранд, барномаҳои худро бар сари мардум таҳмил сохтанд, ки оқибат ихтилофоти сиёсӣ ва гурӯҳӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расониду ин ҳодисаи вазнину сангин, барои миллати тоҷик талафоти зиёди ҷонӣ ва моддӣ ба бор овард. Он шабу рӯз миллати тоҷик ба як лидери сиёсии меҳандӯст, ҷасуру инсонмеҳвар ва содиқу фидоӣ ниёз дошт…
Дар чунин шароити вазнин нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ хеле бузург мебошад. Маҳз бо талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи ин абармарди арсаи сиёсат ва сиёсатмадори башардӯст Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва нобудӣ раҳо ёфта, ба роҳи созандагию пешрафт қадам гузошт.
Бояд ёдрас шавем, ки пас аз касби истиқлол намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ дар кишвар пешгӯинашаванда буд ва нотавонии роҳбарони вақт, аз даст додани эътимоди мардум оқибат ба низоъҳои хурд ва баҳонаҳои гуногун дар кишвар роҳ кушод. Дар солҳои аввал миллат умеди дигаре дошт, ки аз роҳбарони ҳамонвақта натиҷае интизор шудан ғайриимкон буд ва ҳамин сустиву дар бӯҳрони сиёсӣ гирифтор шудани Тоҷикистон роҳро барои ҳодисаҳои гуногун аз ҷумла хунрезиҳо боз кард.
Соли 1992 ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар оғоз ёфт, ки ба ҳаёти ҳазорҳо шаҳрвандон таъсири манфӣ расонид. Дар натиҷаи ин ҷанг ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор нафар муҳоҷир шуданд ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ дид.
Дар ҳамин давраи тақдирсоз мардуми Тоҷикистон ба роҳбаре ниёз доштанд, ки тавонад миллатро муттаҳид созад ва кишварро аз буҳрон берун оварад. Миллат дар интизори роҳбари тавонманду миллиандеш ва созандаву ғамхор буд. Миллат хостори роҳбари қудратманд ва кордону фидоӣ буд. Маҳз, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ҷавонмарди ватандӯст, шахси миллиандеш ва ҳимматбаланду шуҷоъ, кордону фидоӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд ва аз рӯзҳои аввали фаъолият ин абармарди арсаи сиёсат барқарор намудани сулҳ ва суботро дар кишвар ҳадафи асосии фаъолияти хеш қарор доданд. Ана дар ҳамин рӯзҳо “Ман бар Шумо сулҳ меорам!” гуфтанду корро оғоз бахшиданд.
Қайд намудан лозим аст, ки яке аз бузургтарин хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон барқарор намудани сулҳу ваҳдат мебошад. Ин марди бузург, Қаҳрамони миллат ва фарзонафарзанди миллати тоҷик бо иродаи қавӣ ва масъулияти бузург барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ талош намуданд. Чандин давраи музокироти сулҳ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неруҳои мухолифин бо миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯстро баргузор намуданд. Ҳамчун Роҳбари давлат ҷиҳати ба даст овардани сулҳу субот борҳо бо намояндагони мухолифин мулоқот намуда, роҳи муколама ва созишро пеш гирифтанд. Борҳо бар минтақаҳои хатарноку хафвнок сафар намуданд, то бо намояндагони мухолифин музокирот анҷом диҳанд, то сулҳи деринтизор ба даст ояд. Ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он оварда расонид, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овард.
Шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ дар эҷодиёти хеш аз омадани сулҳ хушнуд гардида, чунин қайд сохтааст:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги шармандавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад
Ба шарофати ба даст омадани сулҳу ваҳдат ҳазорҳо гуреза ба Ватан баргаштанд, фаъолияти муассисаҳои давлатӣ барқарор гардид ва шаҳрвандон ба зиндагии осоишта рӯ оварданд. Баҳори тозаи зиндагӣ оғоз гардид. Миллат бар орзуву ормонаш расид ва давлат аз нестиву миллат аз нобудӣ наҷот ёфт. Аз ҳамин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таърихи муовсири Тоҷикистон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф намудаанду тавсиф менамоянд.
Дар кишвари азизамон баъд аз барқарор гардидани сулҳ масъалаи таҳкими ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус пайдо намуд.. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки ваҳдат неъмати бебаҳои миллат ва шарти асосии рушди давлат мебошад. Сарвари хирадманди давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоранд, ки “ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди халқи тоҷик ва асоси пойдории давлату давлатдории миллӣ мебошад.”
Дар ҳақиқат ҳам ваҳдати миллӣ асоси устувориву рушду тараққиёти кишвар гардид ва маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ дар кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат марҳилаи нави созандагиву ободкорӣ оғоз гардид ва имрӯз кишвари азизамон ба дастовардҳои беназире ноил гардид, ки ин ҳама самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Қайд намудан лозим аст, ки маҳз бо ташаббуси Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои гуногун барои муттаҳид намудани ҷомеа, таҳкими дӯстӣ байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ амалӣ гардиданд. Эҳёи арзишҳову суннатҳои миллӣ сурат гирифт, ки ҷомеаи Тоҷикистонро дубора умеди зиндагӣ бахшид.
Дар натиҷаи талошу кӯшишҳо ва сиёсати ваҳдатофаринии Пешвои миллат Тоҷикистон тавонист фазои орому устувори сиёсиро нигоҳ дорад. Ҳоло намояндагони миллатҳо ва қавмҳои гуногун дар кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд. Ин дастоварди муҳим маҳз ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва муттаҳидсозандаи роҳбарияти олии давлат ба даст омадааст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки фақат пас аз барқарор шудани сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оғоз гардид. Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Эмомалӣ Раҳмон садҳо иншооти муҳими давлатӣ, роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ сохта шуданд. Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум барномаҳои давлатӣ қабул гардида, ислоҳоти гуногун амалӣ гардиданд, ки сатҳи зиндагии ҷомеаро хеле боло бардошт.
Таъкид намудан лозим аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар кишвар мебошад. Дар ин замина сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун аҳамияти бузурги стратегӣ дорад. Илова бар ин, рушди соҳаи маориф, фарҳанг ва илм низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.
Бо шарофати истиқлол ва ваҳдати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро мустаҳкам намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо давлатҳои зиёди ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд дорад. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об ва ҳифзи муҳити зист, таҳкими сулҳ ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, баҳои баланд дода шуд.
Маҳз, талошу ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикисони ҷангзада ба як давлати тараққикарда, пешрафта ва амнтарин дар сайёра табдил ёфт. Нақш, ҷойгоҳ, мақом ва манзалати Тоҷикистон феълан дар сиёсати ҷаҳонӣ бо шарофати ташаббусҳои ҷаҳониву башардӯстонаи Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле устувор ва қавист, ки ин ҳам ҳамон самараи истиқлол ва меваи иттиҳоду ҳамбастагиву ваҳдати миллат мебошад.
Албатта, дар ин муддати кӯтоҳ Тоҷикистон хеле рушд кард ва имконияти зиёде барои зиндагии арзанда ва олӣ муҳайё гардид, ки бар ин хандаи тифлону саодати шаҳрвандон ва парвози кабутарони сулҳ шаҳодат медиҳад. Муҳимтар аз ҳама бо расидан ба ваҳдати миллӣ, миллат дубора умеду орзу кард, дилҳои яхгашта, сардшуда дубора бар зиндагӣ гарм шуд. Ҷараёни тозаи зиндагӣ ба чашм расид, мардум худро инсон ҳис намуданд ва аз таваллуд шудани хеш шод гардиданд. Ҳарчанд дар он солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардум аз таваллуд шудани хеш пушаймон шуда бошанд ҳам бо устувории сулҳ ва ваҳдати миллӣ халқ инсонвор зистанро оғоз намуд ва маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ қадру қимматаш боло рафт. Дақиқтар бигӯем тоҷику тоҷикистонӣ маҳз дар ҳамин давра ба орзуи хеш яъне инсони озод расид.
Ин баракати ваҳдат аст, ки феълан мо дар кишвари азизамон озодона зиндагӣ менамоем ва он ҳам анъанаҳои миллиро риоят менамоему ҳифз менамоем ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ин сайёра аз зиндагии шоиста лаззат мебарем. Ҳастанд қавму халқиятҳое, ки як лаҳзаина оромиву сулҳ ва суботи миллати моро орзу менамоянду дар ҳастра ҷон медиҳанд. Ин бахти баланди миллати тоҷик аст, ки ба чунин саодат ва сулҳ расиду Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад. Шукр, ки миллат аз парокандагиву ҷудоӣ раҳо ёфт.
Ин нуктаро бояд махсус таъкид намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ва роҳбари давлат дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми махсус дорад. Ҷойгоҳи ин абармарди сиёсат, шахсияти миллӣ дар дили миллат аст. Музаффарият ва муваффақияти миллати тоҷик аз ҳикмати ин марди сарнавиштсоз сарчашма мегирад. Ҳамин аст, ки гоҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро миллати тоҷик бахтовари миллат ва ё наҷотбахши давлат ном мебаранд ва ин ҳақиқати бебаҳс мебошад. Хизматҳои ин бузургвор дар таҳкими истиқлолу озодӣ, дар барқарор намудани сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлат хеле арзишманд мебошад.
Имрӯз сулҳу ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳифз ва таҳкими ин неъмати бузург вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Мо, бояд ба қадри ин заҳматҳо ва ҷоннисироҳо бирасем ва баҳри ҳамдиливу ҳаммаромӣ ва пешрафти кишвари азизамон масъулият ҳис намоему саҳмгузор бошем. Сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши муҳими миллӣ ҳифз намоем ва аҳамияти таърихии онро ба насли ҷавон бифаҳмонем.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҷрибаи нодири сулҳофаринии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяду меомӯзад ва мо бояд ба қадри ин мактаби бузург ва ин формулаи сулҳфоаринӣ бирасем ва ин арзиши волои миллиро ҳифз намоем.
Имрӯзҳо, душманони миллати тоҷик бо ҳар баҳонае мехоҳанд, ки бар налси ҷавон зарар расонанд, ҷавононро бо баҳонаҳои зиёд гумроҳ намоянд, ки ин ҳам хатар бар ваҳдат ва сулҳу оромии миллат мебошад ва бояд пеши ин гуна амалҳо гирифта шавад. Моро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ, меҳандӯстиву масъулиятшиносӣ ва ҳушёру зирак тарбия намоем, то ба доми душманони миллат наафтанд. Зеро, ҳар лаҳзаи бетаваҷҷуҳӣ метавонад як фурсате барои душманони миллат бошад ва дар ин маврид бояд андешид.
Ин нуктаро бояд қайд намуд, ки мо бояд барои ҳар лаҳзаи сулҳу субот шукргузорӣ намоем ва бар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсан бифиристем! Сипос, бигӯем, ки миллатро аз нестиву давлатро аз нобудӣ наҷот доданд, моро сарҷамъ сохтанд ва кишварамонро ободу зебо гардониданд.
Ҳамин аст, самараи ваҳдат ва талошҳои шахсияти миллӣ!
Давлатзода Давлат Сангин
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
