Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат, муовинони ректор, деканҳо, олимон ва муҳаққиқони ҷавон ширкат намуданд.
Чорабиниро ректори Донишкада олими фаъол ва меҳандӯсти асил дотсент Давлатзода Давлат бо маърузаи илмӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон” ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва давлатдории навини тоҷикон, эҳёи арзишҳои миллӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки “Ба шарофати талошу кӯшишҳои пайвастаи абармарди арсаи сиёсат, фарзонафарзанди миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз нобудӣ ва миллат аз нестӣ наҷот дода шуд. Ва маҳз хидмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз миллат ба саодат расид ва Тоҷикистон ба амнтарин кишвари дунё табдил ёфт”…
Ҳамзамон, дар ҳамоиши имрӯза мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои таърих, дотсент Абдукаримов Ҷамолиддин дар мавзуи “Аҳамияти таърихии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”, муовини раиси ташкилоти ибтидоии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Холова Фахринисо дар мавзуи “Муборизони роҳи озодӣ ва муттаҳиднамои тоҷикон” маъруза илмӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон суханронӣ намуда, ба масоили ҳифзи ваҳдат ва эҳёи арзишҳои волои миллӣ таваҷҷуҳ фармуданд.
Таъкид карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муҳим ва сутунҳои асосии давлатдории миллии мо буда, бояд онро ҳифз намуд ва дар рушди он саҳм гузошт.
Дар фарҷоми ҳамоиш ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ба кулли ҳозирин изҳори миннатдорӣ баён намуда, пас аз шарҳу тавзеҳи фалсафаи ваҳдати миллӣ ба масъулин пешниҳод намуданд, ки дар назди Донишкада Марказҳои тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи сулҳу субот ва арзишҳои ваҳдатофаринӣ таъсис дода шавад.
Шуъбаи иттилоот







