ШОҲВАЛИЗОДА ИФРОТИЕ АНДАР ГИРДОБИ ФИТНАИ НАҲЗАТ

Чанде қабл наҳзатиёни палиду касиф ва бархе аз дигар хоинони бадкеши миллат дар назди идораи пулиси Австрия ҷамъ омадаанд, то ки аз Ҳ.Шоҳвализодаи ифротӣ ҳимоят кунанд ва ба гуфтае монеи депортатсияи ӯ шаванд.

Якум ин ки Шоҳвализодаи ифротӣ кишвари Австрияро хонаи момааш фикр карда, ғайри қонуни сарҳадро убур кардааст ва дуюм қонуни будубошро низ вайрон кардааст, ки бояд аз он ҷо ихроҷ карда шавад.

Дуюм ин ки Австрия хонаи момаи наҳзатиёни палид нест, ки касеро ки хоҳанд ва кадом ифртоиеро, ки хоҳанд фаъоли сиёсӣ унвон дода, дар он ҷо нигоҳ доранд. Зеро ҳар як кишвар қоидаву қонуни худро дорад ва бар асоси он амал мекунанд на мисли наҳзатиёни палид, ки дар асоси фармони хоҷаҳои хориҷияшон кор мекунанд.

Фарқ байни террористон ва давлатмардон аз замин то осмон аст ва наҳзатиёни манфуру бадкеш ҳам бояд инро донанд ва ин шармандагие, ки дар Вена кардаанд, дигар беҳтар мебуд, ки таркор насозанд.

Зеро онҳо даъво доранд, ки Шоҳвализодаро ба Тоҷикистон нафирнистонад, ҳукумати Австрия, аммо дар боробари ин боз ҳукумати кишварро танқид мекунанд ва бардурӯғ туҳматнома менависанд, ки аз ин бояд шармашон ояд. Охир чӣ тавр метавонад ҳамон Австрия ҳам ба Шумо бовар кунад, наҳзатиёни палид, вақте ки шумо Ватани худро бардурӯғ туҳмат мекунед ва ба ҷониби миллати худ санг мепартоед???

Оё ин рафтори  шумо наҳзатиёни палиду манфур боиси шармандагӣ нест???

Худи ҳамин ҳолате, ҳоло дида мешаваду мехоҳед Шоҳвализодаро дар он ҷо нигоҳ доред, гувоҳ бар он нест, ки шумо наҳзатиёни манфур нақшаи як гурӯҳи террористиро иҷро мекунед???

Ҳамин баёнияе, ки аз ҷониби шумо террористони наҳзатӣ нашр шудааст ва саропо туҳмату буҳтон аст, боиси шармандагии шумо палидони наҳзатӣ нест???

Худ қазоват кунед, ки шумо палидон чӣ тавр рӯшан ва бисёр ҳам айёрона ранги  ширро сиёҳ мегӯед ва сафедро сиёҳ, ки ин худ гувоҳ бар ҳоли табоҳу сиёҳу палидонаи шумост. Охир ба ин ҳад ҳам нест, ки ба баҳонаи як ифротӣ садҳо фитнаву дурӯғро бар алайҳи миллат ва давлати Тоҷикистон бипартоед. Оё ин худ рӯсиёҳии шумо манфурони наҳзатӣ нест???

 Депортатсияи Шоҳвализодаи ифротгаро чаро барои наҳзатиён як бозича бошад??? Ё ин ҷо ҳам кадом нақшаи сиёҳе дар дасти наҳзатиёни манфур аст???

Хонандаи азиз бояд инро бидонад, ки Шоҳвализодаи ифротӣ бар асоси вайрон кардани қонун аз Австрия пеш карда мешавад, аммо наҳзатиёни палид бошанд мехоҳанд ба масъала тобиши сиёсӣ дода, боз ҳамон обрӯву мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд ва ба хоҷагони хориҷияшон аз ин ҳисобот диҳанд.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ