ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: РАДИОИ “ОЗОДӢ” МИНБАРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ

Дар арафаи интихоботи парлумонии кишвар расонаҳои наҳзатӣ ва аз ҷумла радиои “Озодӣ” талош намуданд, ки ба афкори умум таъсири манфӣ расонанд ва монеи интихобот шаванд. Аммо хушбахтона мардум ба сафсатаҳои ин хоинон ва душманони миллат бовар накарда, ба интихобот ташриф оварданд ва раъйи худро ба номзади писандидаи худ доданд.

Лек кормандони радиои “Озодӣ” бо ин иктифо накарда ҳанӯз ҳам талош мекарданд, ки бо гузоришҳои бардурӯғи худ рафти баргузории интихоботро нодуруст ташреҳ диҳанд, ки хушбахтона муваффақ нашуданд.

Нахустин коре, ки кормандони хоини радиои “Озодӣ” анҷом доданд ин мусоҳиба оростан бо роҳбари террористони наҳзатӣ М. Кабирии палиду разил буд, ки  бо сафсатаҳояш мехост ба раванди интихобот халал расонад ва хушбахтона ин кори “Озодӣ” ҳам самар надод.

Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё радиои “Озодӣ” минбари террористони наҳзатӣ аст???

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони журналистони наҳзатпарварро маҳкум намуда, ба ҳамаи ин тоифаи бадкеш лаънат мехонем.