ШИРКАТ ВА МУАРРИФИИ ДОНИШКАДА ДАР СЕЮМИН ФЕСТИВАЛ-НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дирӯз, ҳайати омӯзгорон ва масъулони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зери роҳбарии сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯзахон, сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, сардори шуъбаи аспирантура ва магистратура Розиқов Абдусамад ва корманди сохтори илм ва инноватсия Ахмедова Гулшан ширкат варзида, имконият ва дастовардҳои Донишкадаро дар сеюмин фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.
Дар ин фестивал ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хеле зиёд зоҳир карда шуд.
Шуъбаи иттилоот