Ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар барномаи “Амният ва ҷомеа”

Дирӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамроҳ бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Муртазохон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷамшед Ҷӯразода, директори донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ оид ба мавзӯи “Паёми Пешвои миллат- роҳнамо ба сӯи фардо” ширкат намуда, изҳори андеша намуданд.
Ёдовар мешавем, ки барномаи “Амният ва ҷомеа”, ки ровии он Хайёмиддин Исмоилов мебошад, яке аз барномаҳои сиёсӣ таҳлилии телевизиони вилояти Суғд мебошад.
Хонандагон метавонанд, барномаи мазкурро бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ рӯзи шанбе тамошо намоянд.


Шуъбаи иттилоот