Ширкати омӯзгорону донишҷӯёни донишкада дар Роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Имрӯз, омӯзгорону кормандони донишкада бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳпаймоии осоишта дар шаҳри Бӯстон ширкат намуданд. Донишҷӯёну омӯзгоронро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ва муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон ҳамроҳӣ намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки дар роҳпаймоии мазкур донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, таҳти шиорҳои “Мо, пайравони Пешвои муаззами миллат ҳастем”, “Парчамат поянда бод, Тоҷикистон”!, “Парчам-рамзи саодати миллат” ва ғайра шиорпартоӣ намуда, роҳпаймоӣ намуданд.