Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
Пас аз ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, бо маърӯзаи пурмӯҳтавои хоҳиш ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Сипас, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ дотсент Абдуллоев Икром бо маърӯзаи пурмӯҳтаво оид ба таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таърихи давлатдориву парчамдории миллати тоҷик, нақши он ва тартиӣу қабули он сухан ронд.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо фармони хеш ба як қатор омӯзгорону кормандон Раҳматнома эълон намуда, ба ҳайати профессорию омӯзгории кафедраи геология ва корҳои нафту газ ва кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Сипоснома тақдим карда шуд.

Баъдан, барномаи фарҳангӣ -фароғатии ансамбли ҳунарии “Ҷилои Ёқут”- и донишкада бо ҳамкории эҷодкорони Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон манзури ҳозирин гардонида шуд, ки дар он эҷодкорону ҳунармандони фаъоли саршиноси вилоят аз ҷумла Муродулло Шомаҳмадзода, Баҳром Шодиев, Райҳона Маҳмадраимова ва Шодрӯз Рустамзод ҳунарнамоӣ намуданд.

Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба эҷодкорону ҳунармандон изҳори сипос баён намуда, ҳамчунин муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузории чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ намуд.