Аксияи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон” дар факултети металлургия

Субҳи имрӯз, аз ҷониби садорати факултети металлургия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада  аксияи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон” гузаронида шуд. Омӯзгорону кормандони факултети металлургия ба омӯзгорону донишҷӯён варақаҳои иттилоотиро дар бораи аксияи мазкур тақдим намуда, ҳамагонро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Сипас, дар саҳни факултети металлургия бо донишҷӯён мулоқот сурат гирифт, ки дар он декани факултет Шамсиддинов Шуҳрат, профессор Розиқов Зафар, муовин  декан оид ба тарбия Расулова Мунзифа ва дигарон суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сақфи факултети металлургия бо шарҳои дорони рангҳои сабз, сурх ва сафед оро дода шуда буд.