ШАҚ-ШАҚАИ АЛОҒАШАК Ё КАБИРИИ ВИҶДОНФУРӮХТА

Ҳарчанд борҳо шоҳид будем, ки аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом  ба хотири иғвобарангезӣ талош менамоянд, то ҷавононро аз роҳ бизананду бар алайҳи миллати тоҷик равона созанд. Аммо рӯзҳои охир мебинем, ки раиси ин ташкилоти террористӣ ТТЭ ҲНИ М. Кабирии хоин ва бадкеш ба хотири фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ гардонидани мардум, борҳо талош намудааст сафсата гӯяду ҷомеаро ноором созад. Ҳоло, ки миллати тоҷик дар роҳи бузурги пешрафт ва муваффақият қарор дорад, Кабирии террорист ва хоин мехоҳад, ки мардумро гумроҳ сохта аз ин роҳ боз дорад. Чунки хоҷагони хориҷии наҳзатиёни палид ва касиф имрӯзҳо  намехоҳанд, ки миллати тоҷик хушбахтӣ дошта бошад ва ҳамин аст, ки ҳоло наҳзатиёни хоин аз ҳар як чиз эрод мегиранду кӯшиш мекунанд, то “аз пашша фил бисозанд”, ки ин як душмании маҳз мебошад.

Вале дигар вақте, ки роҳбари террористони наҳзатӣ Кабирии хоин ба сафсатахонӣ шурӯъ мекунаду аз қазияи як қаллоб ва фиребкору ҳаққимардумхӯр падидаи сиёсӣ месозад, дигар чеҳраи манфураш боз ҳам ошкортар мешавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Кабирии хиёнаткор аз сиёсат заррае ҳам намефаҳмад ва фақат ҳамон донишҳои хоинии охундияшро барои гумроҳсозии ҷомеа истифода мебараду халос. Аслан агар бигирем сиёсат куҷову Кабирии хоину қаллоб ва мазҳабфурӯш куҷо?!

Ҳар он чизе, ки Кабирии хоин мегӯяд, сафсатае беш нест, аммо агар Кабирии палид фирк мекунад, ки бо ин роҳаш мераваду миллат гумро месозад, фикри хоместу бас. Зеро он роҳ ки меравӣ Кабирии палид ба чоҳ аст!

Олимов А.

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон