Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар донишкада

Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада бо ташрифи меҳмонон ва ширкати омӯзгорони донишкада чорабинӣ бахшида ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.  Чорабиниро нахуст мутахассиси шуъбаи тарбия Мирзозода Нодира ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба самтҳои муҳими Паёми Роҳбари давлат сухан ронда, сипас меҳмононро муаррифӣ кард. 

Сипас, дар чорабинӣ раиси Шурои собиқадорони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Усмонов Қобилҷон, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсент Юлдошев Рустамҷон, омӯзгори Донишкадаи политехникии ДТТ Ашғров Сайёд, Алишехов Муқимҷон-корманди ҳафтаномаи “Шуълаи умед” ва омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии донишкада Ҷалолова Зӯҳрохон суханронӣ намуда, нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллатро ба ҳозирин тавзеҳ доданд. 

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гузаронида шуд.