Баргузории семинари илмӣ- амалӣ оид ба Паём дар донишкада

Санаи 20.01.2024 дар толори Шурои олимони донишкада семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-дастури раҳнамо ба ояндаи дурахшон” баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи аспирантура ва магистратура Розиқов Абдусамад иттилоъ дод. Дар кори семинар ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр М.Н., н.и.т., профессор Умарҷонов А.А., н.и.т., дотсент Ҷалолов А.Ф., н.и.п., дотсент Ёқубов С., н.и.т., профессор Хоҷиев С.Қ., н.и.п., дотсент Шамсиддинов Ш.М., н.и.и., Саидов М.К., н.и.и., дотсент Мирзозода В.О., н.и.т., Мирбобоев Ш.Ҷ., н.н.и., Мирсаидова Ф.А., аспирантону унвонҷуён, докторантону магистрантон, мутахассисони раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ ва зиёда аз 20 нафар омӯзгорону кормандони донишкада иштирок намуданд.

Дар қисмати ибтидоии семинари илмӣ-амалӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки тибқи нақшаи умумидонишкадавӣ барои соли хониши 2023-2024, семинари илмӣ-амалии шуъбаи аспирантура ва магистратура дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат- дастури раҳнамо ба ояндаи дурахшон” баргузор мегардад. Ӯ қайд намуд, ки дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28  декабри соли 2023) баён карданд, ки  “…Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.  Дастовардҳои илмии олимону аспирантон, докторантону магистрантони донишкадаро дар самти ихтирокориву нововарӣ ба таври намуна гуфтан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, семинари илмӣ-амалии имрӯза, ки аз ҷониби шуъбаи аспирантура ва магистратура таҳти мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-дастури раҳнамо ба ояндаи дурахшон” бахшида шудааст.

Аз рӯи масъалаи якуми семинар магистранти бахши 1-ум, ихтисоси 33010101-экологияи умумӣ Валиева М.Н., дар мавзӯи “Раҳнамои мо паёми Пешво” баромад намуда, оид ба Паёми раҳнамои Пешвои миллат дар самти газҳои гулхонагӣ, маърӯзаи илмӣ намуд.

Оид ба ин масъала н.и.т, профессор Ҳоҷиев С.Қ., барои дар оянда дар самти газҳои гулхонагӣ ба маърӯзачӣ тавсия доданд, ки рисолаи магистрияшонро дар ин самт тасдиқ намуда барои кам кардани газҳои гулхонагӣ дар шаҳри Бӯстон корбари намоянд.
Аз рӯи масъалаи дуюм магистранти бахши 2-юм, ихтисоси 510201-коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Давлатов Х.А., дар мавзӯи “Татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар” баромад намуда, оид ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар маълумотҳо дод.

Оид ба ин масъала мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Ш.Ҷ., магистранти бахши 1-ум Комилов К.Э,., ва чанде дигарон ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Дар ин самт мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ аз магистрантону докторантон даъват ба амал оварданд, ки дастаи ихтирокорон ва навоварон дар назди донишкада таъсис дода шудааст, метавонед аъзо шавед ва ихтироотҳои нав ба нав таҳрези намоед.
Дар сухани ҷамъбастии кори семинар д.и.т., Ҷалолов А. баромад намуда, мавзӯъҳои баррасишударо муҳим арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки натиҷаҳои заҳматҳои олимону омӯзгорон ва докторантону магистрантон дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ин аст, ки се соли охир ҳамасола дардаври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат” ҷойҳои намоёнро ишғол намуда истодаанд.