Шарҳи бандҳои Паёми Пешвои муаззами миллат дар ДКМТ

Дар донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси муовини ректор оид ба тарбия ва ширкати дигар омӯзгорони донишкада, роҷеъ ба Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ ҷаласаи хурд баргузор гардид, ки дар он сардорони шуъбаҳо ва мудирони кафедраҳи ширкат варзиданд.

Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба тарбия Сайдуллоева М ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба бандҳои асосии Паём суханронӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки то 30- солагии Истиқлолияти кишвар, талош менамоем, то сарҷамъона баҳри ободиву сарсабзии мамлакат саҳми беназири худро гузорем.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Аминҷонова М ва омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Саидов А. суханронӣ намуда, доир ба нуктаҳои муҳими Паём хулосаву шарҳу тавзеҳи худро баён намуданд.

Дар интиҳо миёни омӯзгорон ва ҳайати ҳозирин саволу ҷавоб ва мулоҳиза атрофи бандҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт.

Шуъбаи иттилоотӣ