ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: СОЛИ 2019 СОЛЕ, КИ СИЁҲДИЛОНРО ШАРМАНДАИ РӮЙИ ОЛАМ КАРД

Дар соли сипаригардида, аксарияти созмонҳои байналмилалӣ аз воқеияти ТТЭ ҲНИ огоҳ гардиданд ва ҳамчунин иттилои дақиқеро роҷеъ ба миёнравиву хизматгории роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирии палид  бо хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ва созмонҳои террористии “Давлати исломӣ” пайдо намуданд, ки дар ин маврид чандин мақолаҳои таҳлилӣ дар матбуот нашр гардидааст.

Ҳамзамон дар мавриди ин ки ҳамаи наҳзатиёни палид ба хотири ҳисобот супоридан ба хоҷагони хориҷияшон ҳар як масъаларо бо нигоҳу кинаву адоват ва иловаи дуруғӯ сафсата пешниҳод мекунанд, мардум огоҳ шуданд.

Дар умум, соле ки гузашт барои ҳамаи наҳзатиёни сиёҳдили палиду хоҷагони хориҷияшон соли шармандагиву бебрӯйи буд, ки аз ин на танҳо ҷомеаи кишвар балки тамоми ҷаҳониён огоҳ гардиданд.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллат ва  ҳамаи ин амалҳои номатлуби наҳзатиёни малъунро маҳкум намуда, бар ин тоифаи манфури бадсиришт, лаънат мехонем!