Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ санади саодатофар аст

8-уми январи соли 2020 дар толори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот доир гардид.
Мулоқотро раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар воқеъ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамо ва дастури кори ҳар як сокини баору нанги кишвар маҳсуб ёфта, дар он оид ба рушди босуботи Тоҷикистон ва саҳмгузории ҳар як фарди худшиносу худогоҳ баҳри ояндаи Ватани маҳбуб муайяну мушаххас гардидааст.
Сипас, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ба иштирокдорон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, аз ташаббусҳои неку наҷиби Ҳукумати кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат ибрози назар намуд.