Шанбегӣ дар факултети корҳои кӯҳӣ

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарият муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри пешвози  Ҷашни  Сада шанбегӣ доир гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ иттилоъ доданд.

Шанбегӣ дар факултети корҳои кӯҳӣ бо сарварии декани факултет Самадова Г.М. ва бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни кафедраи геология ва корҳои нафту газ сурат гирифта, корҳои ободониву тоза намудани гирду атрофи факултети корҳои кӯҳӣ аз алафҳои бегона, баргҳои дарахтон ва партовҳо ба анҷом расонида шуд.

Ҳамчунин, хиёбонҳои шафати бинои хобгоҳи донишкада низ тамизкорӣ карда шуданд.

М. Сайидзода