Таҷлили Сада дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети электромеханика Ҷашни Сада гузаронида шуд, ки дар қисми тантанавии он нахуст Саидов Анвар чорабиниро ифтитоҳ намуда, суханро ба  ректори донишкада н.и.и., дотсент  Бахтиёр Маҳмадалӣ доданд, ки эшон ҷашни Садаро ҳамчун мужда аз Наврӯз ҳисобида, яке аз ҷашнҳои қадимии халқи тоҷик буданашро ба ҳозирин исбот намуданд. Тавре, ки қайд намуданд, ҷашни Сада аз ҷашнҳое ҳаст, ки аз ниёконамон ба мо ба мерос гузоштааст ва бо баракати истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат ин ҷашнҳои қадимӣ имрӯз дубора эҳё карда шуданд, ки ин аз бахти баланду соҳибихтиёрии миллати сарбаланди тоҷик шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин, дар ин чорабини ҷашнӣ омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Холова Фахриниссо маърӯза намуда, аз таърихи пайдоиши Сада ба ҳозирин маълумоти муфассал дод. Сипас, донишҷӯйи курси 4, Шарипов Мирзоҳомид  баромад намуда, ҳозиринро ба ҷашни Сада табрик гуфт.

М. Сайидзода